Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътироз дар фурудгоҳи Ишқобод: Чаро моро ба ҳавопаймо роҳ надодед? ВИДЕО


Даҳҳо шаҳрванди Туркманистон ба ҳавопаймои масири Ишқобод-Истамбул роҳ дода нашуданд. Бахши туркмании Радиои Озодӣ рӯзи 5 апрел видеои эътирози мусофиронеро дар фурудгоҳи Ишқобод дастрас кард, ки мақомоти туркман барои парвози онҳо ба Туркия иҷозат надодаанд.

Дар ин видео дида мешавад, сокинони Туркманистон норозигии худро ба амали мақомот баён мекунанд. Ба гуфтаи яке аз шоҳидони ҳодиса, навор 3 апрел дар фурудгоҳи Ишқобод сабт шудааст. Аммо тасдиқи ин ба воситаи манобеи мустақил номумкин аст.

Шахсоне, ки дар навор дида мешаванд, мегӯянд, бо вуҷуди дар даст доштани билети ҳавопаймо ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба онҳо иҷозат надодаанд, то аз нуқтаи назорати марзӣ бигузаранд.

Маъмурони хадамоти муҳоҷирату гумруки Турманистон низ шарҳ намедиҳанд, ки чаро онҳоро аз парвоз ба Туркия бозгардонданд. Талошҳои Бахши туркмании Радиои Озодӣ ҳам барои дарёфти назари мақомот дар ин бора бенатиҷа буд.

Моҳи гузашта хабар дода шуд, номи туркманистониҳое, ки ба масирҳои Ишқобод-Истамбул ё Ишқобод-Дубай роҳ ёфтанд, дар “рӯйхати сиёҳ” будааст.

Эътироз дар фурудгоҳи Ишқобод
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:30 0:00

XS
SM
MD
LG