Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Остона даъват доранд, таъқиби рӯзноманигоронро қатъ кунад


Логои Хабарнигорони бидуни марз

Созмони байналмилалии "Хабарнигорони бидуни марз" аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки ба таъқиби рӯзноманигорон ва блогнависон хотима гузорад.

Дар изҳороти ин созмон, ки рӯзи 4 апрел нашр шуд, аз кофтукоби коргоҳи маҷаллаи Forbes Kazakhstan ва сомонаи Ratel.kz, баста шудани сомонаи мазкур ва боздошти чаҳор рӯзноманигор ёд шудааст. Ҳамчунин дар изҳорот дар бораи фаъоли шаҳрвандӣ Ардак Ашим, ки ҳафтаи гузашта бо ҳукми додгоҳ ба табобати иҷборӣ фиристода шуд, зикр гардидааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, таъқиби навбатӣ дар ҳоле авҷ мегирад, ки миёни элитаи сиёсӣ баҳси соҳиби ояндаи курсии президент Нурсултон Назарбоев гарм аст.

"Таъқиби расонаҳои ёдшуда ба ҳамаи рӯзноманигорони Қазоқистон як паёми тарсдиҳанда аст", - омадааст дар изҳороти ҳомиёни ҳуқуқ.

Видеоҳои охирин

Мулоқоти таърихии раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар Пхенян
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:02 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG