Пайвандҳои дастрасӣ

Пирӯзии Далер Пиров, хонандаи тоҷик дар озмуни Маскав


Акс аз бойгонӣ

Як хонандаи тоҷик дар озмуни байналмилалии илмҳои нанотехнология пирӯзӣ ба даст овард. Ин озмун аз 25 то 31-уми марти имсол дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов баргузор шудааст.

Тоҷикистонро дар ин сабқат гурӯҳе аз хонандагони литсей-интернати «Ҳотам ПВ» муаррифӣ карданд. Аз миёни онҳо Далер Пиров, хонандаи синфи 9-ум ғолиб дониста шуд. Пештар аз ин хонандаҳои тоҷик дар озмуни техникаи роботсозӣ, ки дар Русия баргузор шуда буд, пирӯзӣ ба даст оварданд.

Соли 2008 бори аввал аз Тоҷикистон Хурсанд Ёров хатмкардаи литсей-интернати «Ҳотам ПВ» дар озмуни ҷаҳонии илмҳои нанотехнологӣ байни намояндаҳои 20 кишвар ғолиб дониста шуд. Ин озмун тавассути интернет баргузор шуда буд. Хурсанд он замон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки мустақилона тариқи интернет ба омӯзиши ин илми муосир пардохтааст.

Нанотехнология маънои тағйири хосияти ҷинсҳоро дорад ва хусусияти муҳимаш дар он аст, ки ҳар чиз ё маводро дар хурдтарин ҳаҷм мавриди омӯзиш ва истифода қарор медиҳад.

Видеоҳои охирин

Нозири БДА бо мошинаш як сокини шаҳри Кӯлобро зер кард
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:46 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG