Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқаррароти муҳоҷират ба Амрико метавонад сангинтар шавад


Дар чорчӯби ҷамъи маълумот аз довталабҳои раводиди ИМА ҳукумати ин кишвар пешниҳод кардааст, ки хоҳишмандони сафар ва муҳоҷират ба Амрико дар бораи ҳуввияташон дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилои муфассал пешкаш кунанд. Ин пешниҳод 30-уми март аз сӯи Департаменти давлатии ИМА матраҳ шуд. Агар маъмурият ва буҷети ИМА ин пешниҳодро тасдиқ кунад, ҳар довталаби сафар ва иқомат дар Амрико бояд хабар диҳад, ки дар давоми панҷ соли гузашта дар кадом шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо кадом ному насаб фаъол будааст. Иттилои дастрасшуда барои ташхиси амиқтари ҳуввияти довталабҳо истифода шуда, ба арзёбии парвандаҳои тахминан 14 миллиону 700 ҳазор нафар таъсир хоҳад дошт.

Ин пешниҳод ба ваъдаи Президенти ИМА Доналд Трамп дар мавриди таҳқиқи ҷиддии довталабҳои зиёрат аз ИМА, ки ҳадаф аз он ҷилавгирӣ аз терроризм аст, мувофиқат мекунад.

Бар пояи дастуре, ки моҳи майи соли гузашта тасвиб шуда буд, ходимони консулгариҳои амрикоӣ маълумот оиди фаъолият дар шабакаҳои ичтимоиро фақат аз афроде талаб мекарданд, ки дар рообита бо терроризм ва амният афроди мавриди нигаронӣ маҳсуб мешуданд.

Пешниҳоди нав ҳафтаи гузашта дар феҳрасти федеролии ИМА нашр шуд. Баъди 60 рӯзи арзёбӣ Идораи маъмурият ва буҷети Амрико онро тасдиқ ва ё рад хоҳад кард. Ҳамин тариқ дар ҳоли тасвиби ин пешниҳод довталабҳои визаи Амрико бояд тамоми рақамҳои телефонӣ, имейл ва сафарҳои хориҷии панҷ соли гузаштаашонро ошкор кунанд. Онҳо ҳамчунон водор хоҳанд буд, ки дар бораи ихроҷ шуданашашон аз кишварҳои дигар ва ширкат доштан ва ё надоштани хешу ақрабояшон дар фаъолиятҳои террористӣ маълумоти муфассал пешниҳод кунанд. Ходимони Департаменти давлатии ИМА мегӯянд, эҳтимол дар оянда аз довталабҳои визаи дипломатӣ ва расмӣ низ иттилои иловагӣ дархост шавад.

Ҳар сол аз Тоҷикистон ҳудуди 700 нафар лотереяи муҳоҷират ва иқомат дар Амрикоро ба даст меоварданд.

Видеоҳои охирин

Табибони тоҷик аз муолиҷаи муътодони маводи мухаддир қонеъ будаанд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:49 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG