Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмрасони Telegram дар Тоҷикистон ҳам масдуд шуд


Барномаи Telegram дар телефони як корбари он дар Тоҷикистон мушкили пайвастшавӣ бо сервер дорад
Барномаи Telegram дар телефони як корбари он дар Тоҷикистон мушкили пайвастшавӣ бо сервер дорад

Паёмрасони Telegram дар Тоҷикистон ҳам феълан боз намешавад. Муштариёни ин шабакаи паёмрасонӣ аз нисфирӯзии 29 март гуфтанд, ки дар корбурди ин хадамот мушкил доранд.

Дар бораи масдуд шудани кори ин паёмрасон дар саросари ҷаҳон муаллифони он ҳам расман хабар доданд. Соатҳои 15 ба вақти Маскав гурӯҳи муассисони Telegram тавассути шабакаи иҷтимоии “Твиттер” гуфтанд, ки дар як бахши сайёра – Аврупои Ғарбӣ, Ховари Миёна ва Африқо кори ин паёмрасон барқарор шуда, дар қисми дигари ҷаҳон, аз ҷумла, Олмону, Эрон ва кишварҳои Муштарак-ул-Манофеъ дастрасӣ ба ин шабака барқарор нашудааст.

Соҳибони шабака гуфанд, ки масдудшавии кори Telegram рӯзи 29 март соатҳои 11 ба вақти Маскав шурӯъ шуд ва шикоятҳо аз беамал шудани он аз Аврупо, Ховари Миёна ва Муштарак-ул-Манофеъ ба дасти онҳо расид. Мушкили аслӣ дар боз кардани паёмрасон будааст. Павел Дуров, муассиси ин паёмрасон гуфт, ки мушкил дар қатъи нирӯ дар серверҳои Telegram аст.

Муассисони ин барнома аз муштариён дар дигар нуқоти сайёра хостанд, ки каме таҳаммул кунанд ва базудӣ кори ин шабака барқарор мешавад. Ин паёмрасон соли 2013 таъсис шуда ба иттилои Павел Дуров, марти соли 2018 дар чаҳон 200 миллион муштарӣ дошт.

Корбарони Telegram дар Тоҷикистон мегӯянд, бахши аъзами муштариёни ин шабака ҷавонон буда, ба хотири ирсоли осони маводи видеоиву садоӣ ва хадамоти паёмрасонии гурӯҳиаш мавриди таваҷҷӯҳи онҳо қарор дорад.

Бахши форсии Радиои Озодӣ мегӯяд, дар Эрон шумори корбарони Telegram ба миллионҳо нафар мерасад ва масдуд шудани кори шабака рӯзи 29 март бисёриҳоро нороҳат кард. Ин шабака роҳи дигари пайвастшавии сокинон бо хориҷаи дур мебошад.

Зимнан, дар Тоҷикистон ҳам аз хадамоти гурӯҳии паёмрасонҳои Telegram, ки дар Эрон фаъол ҳастанд, зиёд истифода мешавад.

XS
SM
MD
LG