Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз дӯстони Скрипал: “Вай ба Путин нома навишта буд”


Сергей Скрипал
Сергей Скрипал

Яке аз дӯстони Сергей Скрипал, ҷосуси собиқи Русия, ки дар оғози моҳи марти имсол дар Бритониё заҳролуд шуд, гуфт, ӯ чанд вақт пеш ба Владимир Путин нома навишта буд. Скрипал гӯиё дар номааш аз Путин хостааст, иҷоза диҳад, ки ӯ ба Русия баргардад.

Ба қавли Владимир Тимошков, ҳамдарси собиқи Сергей Скрипал, ӯ дар номааш худро “хоин” надониста, айни замон аз он таассуф хӯрдааст, ки ҷосуси дугона буд (барои ду кишвар кор мекард). Скрипал далели бозгашти худ ба Русияро ба он рабт додааст, ки ҳамаи наздиконаш дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Владимир Тимошков ин ҳарфҳоро дар суҳбат бо радиои Би-би-сӣ баён дошт. Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфт, ки онҳо номаи Скрипалро дастрас накардаанд.

Сергей Скрипал ва духтари 33-солааш Юлия се ҳафта боз дар ҳолати беҳушӣ дар бемористон ҳастанд. Мақомоти Бритониё мегӯянд, падару духтар бо истифода аз гази фалаҷкунандаи асаб заҳролуд шудаанд. Лондон дар ин кор Русияро айбдор кард. Маскав борҳо даст доштани худ дар қазияи заҳролудшавиро рад намудааст.

Рӯзи 23-юми март раҳбарони Иттиҳоди Аврупо аз мавқеи Бритониё ҳимоят карданд. Нашрияи “Таймз” рӯзи 24-уми март навишт, ки қарор аст ба зудӣ то 20 кишвар, аз ҷумла Олмону Фаронса, дипломатҳои Русияро аз ҳудуди худ берун кунанд.

Бритониё қаблан 23 дипломати русро ихроҷ кард ва аз Маскав бо ҳамин мазмун посух гирифт. Ба ҷуз ин, раҳбарони Олмону Фаронса гуфтанд, ки алайҳи Русия чораҳои дигарро низ баррасӣ хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG