Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

13 зарби корд ба ду пешхидмат. Ҳамла дар Фархор таҳқиқ мешавад


Полиси ноҳияи Фархор таҳқиқи ҳодисаи ҳамла ба ду занро идома медиҳад. Дар ҳодисае, ки 17 март рух дод, як ҷавонзан 9 ва дигаре 4 захми корд бардошта дар беморхона бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи пизишкони беморхонаи марказии ноҳияи Фархор, Зебо Ҳамидоваи 46 ва Сафарбӣ Гадоеваи 32-сола шаби 17 март бо захми корд дар ноҳияи шикам ва қафаси сина ба беморхона интиқол ёфтанд.

Яке аз ин занон ҷарроҳӣ шудаааст ва ҳоло сиҳатии ҳардуи онҳо муътадил арзёбӣ мешавад.

Зебо Ҳамидова рӯзи 23 март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз беморхонаи марказии ноҳияи Фархор гуфт, ҳодиса тақрибан соатҳои 11-и шаб рух дод. Ӯ гуфт, ки ҳамроҳ бо Сафарбӣ Гадоева дар як ошхона ба ҳайси пешхидмат кор мекунанд ва дар лаҳзаҳои берун шудан аз кор марде ба онҳо бо корд ҳамла кард. Зебо мегӯяд, ҳамлагар аввал онҳоро таъқиб карда, рушании чароғро ба рӯйяшон дошт, то чеҳраи ӯро набинанд. Баъдан бо корд зарба зад.

Ба гуфтаи Зебо, сару рӯйи мард ба ғайр аз чашмонаш пурра пӯшида буд ва ӯро шинохта намешуд. “Намедонам, ӯ кӣ буд. Ҳангоме, ки бо корд зад, чизе ҳам нагуфт. Аслан овоз набаровард. Ман бо касе ҷанг нашудаам ва намедонам барои чӣ ӯ ин корро кард”, гуфт Зебо. Сафарбӣ аз шарҳи ҳодиса худдорӣ кард.

Зебо Ҳамидова гуфт, ки модари 5 фарзанд аст ва то чанд моҳи пеш дар муҳоҷират, дар Русия буд. Баъдан баргашту дар як ошхонаи маркази ноҳия ба ҳайси пешхизмат ба кор даромад. Гуфт, замоне, ки дар Русия буд, фарзандонашро ба тарбияи ятимхона ва хешу табор гузошта буд. Пизишкони беморхонаи марказии ноҳияи Фархор мегӯянд, ҳоло сиҳҳатии занони кордхӯрда беҳтар аст.

Аз рӯйи ин ҳодиса парванда боз шуда, таҳқиқот идома дорад. Ҳанӯз ходимони полис омода нестанд, ки ҷараёни тафтишотро шарҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG