Дар вокуниш ба қазияи заҳролудшавии корманди пешини Идораи истихбороти кулли Русия Сергей Скрипал ва духтари ӯ Юлия, раҳбарони Иттиҳоди Аврупо қарор карданд, ки сафири иттиҳод Маркус Эдерер аз Маскав бозхонд шавад. Дар ин бора нахуствазири Шведсия Стефан Леван дар шарҳи нишасти рӯзи панҷшанбеи Брюссел хабар дод. Скрипал рӯзи 4 март дар шаҳри Солсберии Британия бо гази фалаҷкунандаи асаб -"Новичок" заҳролуд шуд, ки гуфта мешавад дар Русия коркард шудааст.
Пештар аз ин раҳбарони Иттиҳоди Аврупо гуфтанд, ки "ба эҳтимоли зиёд" масъулияти суиқасд ба ҷони Скрипал бар дӯши Русия аст.
Ҳамзамон нахуствазири Нидерланд Марк Рютте ин қарорро пуштибонии рамзӣ аз Лондон дар ҷанҷолаш бо Маскав арзёбӣ кард. Ин қарор як "чора" аст на "таҳрим" ва дипломат ба таври бебозгашт аз Русия бозхонд намешавад, - гуфт Ротте ба хабаргузории Associated Press.
Садри аъзами Олмон дар заминаи қазияи Скрипал ҷорӣ шудани чораҳои нав алайҳи Русияро соқит накард. Аммо қарор шуд, ки Брюссел натиҷаи ташхиси гази фалаҷкунанда асабро интизор шавад. Қабалан коршиносони Созмони манъи истифодаи маводи кимиёвӣ гуфтанд, ки ташхиси заҳр ду-се ҳафтаро дар бар мегирад.
Сергей Скрипал соли 2004 бо ҷурми ҷосусӣ ба фоидаи Бритония дар Русия зиндонӣ шуд. Соли 2010 ӯро бо агентҳои рус, ки Амрико боздошт карда буд, иваз карданд.