Фаъоли ҳуқуқи башари Узбекистон Ғайбулло Ҷалилов баъди ҳашт соли маҳбусӣ аз зиндон озод шуд. Дар ин бора хонаводаи Ҷалилов ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Наздикони ӯ рӯзи 17 март гуфтанд, ки Ҷалилови 51-сола, узви созмони сабтнашудаи "Ҷамъияти ҳуқуқи инсон, рӯзи 16 март раҳо шуд ва ҳоло дар зодгоҳаш, воқеъ дар қисмати ҷанбуии Қашқадарё ба сар мебарад.
Ғайбулло Ҷалилов соли 2009 боздош ва баъдан бо ҷурми тарҳрезии ҳамлаи терористӣ ба фурӯдгоҳи шаҳри Қаршӣ ба муҳлати 13 сол зиндонӣ шуд.
Созмони ҳуқуқи башари Ҳюман Райтс Вотч ҳабси Ҷалиловро маҳкум кард ва парвандаи ӯро як парвандаи сохтаи сиёсӣ номид.
Наздикони Ғайбулло Ҷалилов мегӯянд, ки солҳои дар зиндон буданаш, ӯ пайваста шиканҷа мешуд.
Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, ки дар аҳди президенти пешин Ислом Каримов нахуствазир буд, баъди марги ӯ дар соли 2016, бисёр маҳбусони сиёсиро аз зиндон раҳо кард.