Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Борону селобҳо кӯчаеро дар Душанбе хароб кард


Акс аз бойгонӣ

Дар пайи боришоти шадиди се рӯзи ахир дар Тоҷикистон дар бархе аз минтақаҳои кишвар хисорот сабт шудааст. Нисфирӯзии сешанбе, 13 март борони зиёд ва селобҳо боиси тахриби яке аз кӯчаҳо дар маҳаллаи Чашмасори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе шуда, бархе аз қисматҳои ду ҳавлии маскунӣ дар ин маҳалла вайрон шудааст.

Масъулони ин ниҳод тавонистаанд то шоми дирӯз ҳаракат дар ин роҳро дубора барқарор кунанд. Дар ин бора рӯзи 14 март ба Радиои Озодӣ Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дод.

Ҳамзамон, ба гуфтаи вай, баъд аз зуҳри 13 март дар ноҳияи Шаҳринав селобҳо боиси корношоям шудани қитъаҳои кишоварзӣ шуда, мақомоти маҳаллӣ барои мушаххас кардани миқдори хисорот комиссияи ҳукуматӣ таъсис додааст.

Аз сӯи дигар, 13 март дар пайи фаромадани тармаҳо дар ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнони вилояти Бадахшони Кӯҳӣ барои муддате ҳаракати нақлиёт дар роҳи мошингарди Хоруғ-Мурғоб мутаваққиф шудааст.

Далер Мерганов, сухангӯи ширкати IRS – масъули нигоҳубини роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ 14 март ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар қитаъи 56-71 ин ҷодда чанд адад тармаи бузург ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ дар ин масирро масдуд кардаанд. “Мо водор шудем барои тоза кардани роҳ аз тармаҳо бори нахуст мошинҳои махсуси барфтозакунии “булдозерро”, ки тасмачарх ҳастанд, истифода кунем. То замони комилан тоза кардани роҳ аз барф ҷодда барои муддати муайяне баста шуд”, - гуфт Далер Мерганов.

Дар ҳамин ҳол, Ҷамила Байдуллоева, масъули Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боронҳои шадид рӯзи 14 ва 15 март ҳам идома ёфта, сипас барои чанд рӯз ҳавои офтобӣ дар Тоҷикистон ҳукмфармо хоҳад шуд. “Мо аз қабл пешбинӣ мекардем, ки тӯли панҷ рӯзи ахир боришоти зиёди борон ва фаромадани тармаву ярч ва сангрезӣ сурат хоҳад гирифт. Дар маҷмӯъ, баъд аз тирамоҳу зимистону камбориш пешбинӣ шудааст, ки дар фасли баҳор боридани боронҳои шадид бештар мешавад”, - гуфт Ҷамила Байдуллоева.

Видеоҳои охирин

Трамп мегӯяд, Путин дахолат дар интихоботи Амрикоро қотеона рад мекунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:34 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG