Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, ба Ёсуман Исмонзода ва Манижа Тошболтаева, ки соли гузашта дар озмуни байналмилалии “Кӯдакони нобиға” иштирок карданд, 4500 сомонӣ, муодили 500 доллари амрикоӣ стипендия таъйин кардааст. Ин миқдор пул то охири соли хониши 2018 (ҳар моҳ 250 сомонӣ барои як нафар) пардохта хоҳад шуд.
Ёсуман ва Манижа дар озмуни “GeniusKid - 2017” ва ё “Кӯдакони нобиға” дар Маскав дар миёни 250 ширкаткунанда аз 11 кишвар мақоми аввал ва нишони тиллоро соҳиб шуданд. Аммо пештар аз ин, онҳо бо намоиши истеъдоди худ дар барномаи “Шахсиятҳои ғайиодӣ” дар шабакаи телевизионии “Россия-1” ҳамаро дар ҳайрат гузоштанд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ охири соли гузашта ба истеъдоди ин ду духтар таваҷҷӯҳ кард ва онҳоро “мояи ифтихори кишвар” номид.
Ёсуман дар Литсейи Донишгоҳи Миллӣ таҳсил мекунад ва бахшида ба пирӯзии ӯ дар Озмуни “кӯдакони нобиға”, раҳбарияти Донишгоҳи ӯро аз пардохти 3-солаи таҳсил озод карданд.
Маркази “Империяи дониш” ки Ёсуману Манижа шогирдони он ҳастанд, соле пеш бо ташаббуси Модари Манижа - Вероника Коробкина таъсис ёфт. Ҳадафи аслии марказ бедор кардани шавқи илмҳои дақиқ дар кӯдакон ва аз худ намудани донишҳои мураккаб тариқи бозиҳои мухталиф аст. “Мактаби муҳандисӣ ва роботсозӣ” лоиҳаи дувуми омӯзишии ин созмон аст.