Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ахиран дар як ҷаласа гуфт, ки Сенати кишвар бо судури як қарор рафтани мансабдорони давлатӣ ба тӯйҳо манъ хоҳад кард.
Сабти суҳбати Мирзиёев рӯзи 2 март дастраси Бахши узбакии Радиои Озодӣ шуда, ба эҳтимоли зиёд, ӯ ин изҳоротро рӯзи 27 феврал пахш кардааст.
Мирзиёев мегӯяд, барои мансабдорони давлатӣ тамоми шароитро фароҳам кардааст, то содиқона кор кунанд ва ҳоло замоне расидааст, ки аз онҳо хидмати одилона ба мардум талаб шавад
"Фардо қарор содир мешавад. Рафтани вазирон, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо, намояндагони мақомоти иҷроия ба тӯйҳо манъ хоҳад шуд. Агар мошини мансабдореро бо рақамҳои давлатӣ дар назди чойхонае бинам, худи ҳамон рӯз ӯро барканор хоҳам кард", - изҳор дошт президенти Узбекистон.
Мирзиёев гуфтааст, ки ин иқдом ба хотири решакан кардани коррупсия, тӯйҳои бодабдаба ва иштироки мансабдрорн дар ин маъракаҳо анҷом мешавад.
"Ягон мансабдор, бо шумули ман ба ҷашни зодрӯз ё тӯй намеравад. Он замонҳо гузаштанд! Ин ҳама мардумро ба ғазаб меорад. Ҷашни зодрӯзу тӯйҳо минбаъд бе иштироки мансабдорон мегузаранд. Сарвазир ҳамроҳи тамоми муовинонаш ба тӯй меравад ва ҳама рост меистанд. Ту ба ҷои он 20 кило гӯште, ки сарф мекунӣ хонаи камбизоатеро ранг бикун ё барояш телевизор бихар", - изҳор дошт Мирзиёев.
Ба гуфтаи ӯ, бар пояи қарори нави Сенати Узбекистон, соҳиби тӯй ҳақ дорад, ба оши наҳор то 200 меҳмон даъват кунад.