Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, аз иқдоми Ҳизби коммунисти Чин барои бе маҳдудият дар сари қудрат боқӣ гузоштани Сӣ Ҷинпин, президенти кунунии он кишвар, ситоиш кардааст. Бар асоси як навори садоӣ, ки аз тарафи телевизиони CNN пахш шуд, Трамп гуфтааст, "ҳоло Сӣ Ҷинпин раиси ҷумҳури абадист. Раиси ҷумҳури модомулумр. Ӯ шахсияте бузург аст."
Чин пайваста аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ интиқод мешавад.
Вай афзудааст, "бибинед, ӯ ба ин кор муваффақ шуд. Ба назарам, кори бузурге аст. Шояд мо ҳам рӯзе инро имтиҳон кунем." Пас аз ин ҷумлаҳо садои ханда ва даст задани ҳозирон шунида мешавад.
CNN мегӯяд, ки ин навори садоиро аз нишасти паси дарҳои баста дар аёлати Флорида ба даст овард. Ин нишаст рӯзи 3-юми март баргузор шуд.
То кунун Кохи Сафед ва манобеи дигари хабарӣ дар мавриди дурустӣ ё нодурустии ин сабт чизе нагуфтаанд. Рӯшан нест, ки гапҳои Доналд Трамп ба сурати нуқтаи назари ӯ баён шудааст, ё хайр. Шуморе аз расонаҳои амрикоӣ гуфтаанд, Кохи Сафед ҳанӯз ба дархости онҳо барои изҳори назар дар бораи ин сабт посух надодааст.
Сӣ Ҷинпин соли 2012 раҳбари Ҳизби коммунисти Чин интихоб шуд ва пас аз як соли он ба курсии раёсати ҷумҳурӣ нишаст. Чанде пеш Ҳизби коммунисти Чин ӯро дубора, барои як панҷсолаи дигар, раиси ҷумҳур интихоб кард.
Охири моҳи феврали имсол Ҳизби коммунисти Чин хостори ислоҳи Қонуни асосии ин кишвар шуд, то замони президентӣ ба ду давраи панҷсола маҳдуд набошад. Дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ Си Ҷинпин, президенти кунунии Чин метавонад баъд аз соли 2023, яъне панҷ соли дигар, ҳамчунон дар қудрат боқӣ бимонад. Бар асоси қонуни феълии Чин, президент ва муовинаш фақат метавонанд ду давраи пайдарпай ифои вазифа кунанд.
Аз Сӣ Ҷинпин ба унвони як сиёсатмадори оянданигар ёд мекунанд, ки тарҳҳои зиёдеро рӯи даст дорад ва аз ҷумла мехоҳад, то соли 2020 фақрро аз байн барад. Ҳамчунин, ӯ мехоҳад тарҳҳои нави тиҷоратиро роҳандозӣ кунад. Раиси ҷумҳури кунунии Чин аз замони ба қудрат расидан, муборизаи сахтеро бо фасоди молӣ дар пеш гирифтааст.
Аммо Чин аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои нақзи озодиҳои баён ва ақида, фишор ба рӯзноманигорон, интернет ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пайваста интиқод мешавад.
Чин, ки яке аз густурдатарин шабакаҳои сонсури шабакаҳои маҷозӣ дар ҷаҳонро доро аст, ба саркӯби мухолифон, вакилони дифои зиндониёи эътиқодӣ ва сиёсӣ, маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ва ҳамчунин дахолат дар умури бархе кишварҳо, аз ҷумла Тайван, муттаҳам аст.
Хама президентхо дар давраи рохбариаш чиноятхои бисёр мекунанд. Бо сабаби президент буданаш чора намеандешанд. Давлати мо низ аз ин чиз ори нест. Коррупсияи хешутабори.
Шерзамонов барои ман ту як ватанфурушӣ
Захирахои давлати аз они оила
Фочиаи Рушон, Хоруг ва тамоми кухистон ин кори дасти нохаки командаи ятими - сагира ва рахими драмма хаст, бо тарафдории диктатори точик рахмон. хатто писараш рустамро ба ин Корхо алалаш намекунанд, каар аш гуфта. ин алими шерзамон рост мегуяд, агар ин хел кудрат медошт, аккалан Бархоруг гашро начот медод. Дур ва гуреза хаст, ки гушаш мекунад? хамчунин ин хонум ва Холбашро. мардум монда ва зб шидаги аз ин солдатхои ярокдор дар назди дари хонааш, аз порахурии суду прокурор, он чо пул хам нест, ки пора тиханд. и раисони стулакдуст бояд отставка раванд, чунки дастонаш дар рехтани хуни нохаки инсонхои мулки ва солдатхои бегунох ифлос хаст.. хозир заданд мардума, бовари дорам, онхо боз мехезанд ба хотири арвохи куштагон ва дар зиндон будагони хешу ошнояш, и даф бо ери хамсоягони он Су.
Ҳақиқат мисли рӯз равшан аст. Ҳама мардуми Тоҷикистон огоҳ ҳастанд, ки дар Бадахшон интернет кор намекард. Ин фоҷиаҳо натиҷаи зулму ситами ҳукумати худкомаи Эмомалӣ Раҳмон аст. Бекорию бебарқӣ ва дар Русия дарбадар шудани халқи мазлуми тоҷик ба ҳама маълум аст. Ин ҳукуматдорони золим халқи бегуноҳи камбизоатро қатли ом мекунанд ва боз мехоҳанд худро бегуноҳ ҷилва диҳанд.