Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфт, сиёсати “Чини воҳид”-ро эҳтиром мекунад


Президенти ИМА Доналд Трамп дар сӯҳбати телефонӣ бо президенти Чин Сӣ Ҷинпин гуфт, ки сиёсати Пекинро оид ба “Чини воҳид” эҳтиром мекунад. Кохи Сафед дар ин бора рӯзи 9 феврал хабар дод. Давоми даҳсолаҳо ИМА Пекинро ба ҳайси танҳо намояндаи ҳукумати расмии Чин эътироф карда, вале бо намояндагони Тайван ва ҳукумати миллатгарои Чиён Койшак, раҳбари нирӯҳои зиддикоммунистӣ иртиботи ғайрирасмӣ барқарор кардааст. Давоми чандин моҳ Трамп дар нисбати Чин бо лаҳни шадид сӯҳбат карда, аз шароити ноодилонаи тиҷорат интиқод ва аз Пекин тақозо кардааст, ки бо президенти Тайван дар масъалаи, ба қавлаш, нодида гирифтани протоколи ҳамкорӣ ба созиш бирасад. Ба назар мерасад, ки ҳоло Трамп дидгоҳҳои худро пурра тағйир дода, рӯзи 8 феврал ба унвонии президенти Чин ба муносибати соли нави чинӣ як номаи табрикӣ фиристод ва хостори тавсеаи ҳамкориҳои созанда ба манфиати ИМА ва Чин шуд. Кохи Сафед гуфт, ки раҳбари Чин дар давоми як сӯҳбати тӯлонии телефонӣ аз Трамп эҳтироми сиёсати “Чини воҳид”-ро тақозо карда дар ниҳоят барои посухи “мусбаташ” изҳори ташаккур кардааст. Сӣ Ҷинпин ба бунёди “робитаҳои сиёсии миёни ИМА ва Чин” даъват карда изҳори умедворӣ кардааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар сифатан нав хоҳанд шуд. Кохи Сафед ин музокиротро “хеле муҳим” арзёбӣ карда гуфтааст, ки ду раҳбар ҳамдигарро барои анҷоми сафар ба давлатҳои ҳамдигар даъват кардаанд.

XS
SM
MD
LG