Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стратегияи нави амнияти миллии Трамп Чинро ҳадаф қарор медиҳад


Трамп бо хабарнигорон дар назди Кохи сафед сӯҳбат мекунад
Трамп бо хабарнигорон дар назди Кохи сафед сӯҳбат мекунад

Раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп дар суханронии рӯзи 18 декабр Стратегияи нави амнияти миллиро муаррифӣ мекунад, ки ба гуфтаи як мақомоти амрикоӣ дар баробари Чин мавқеи сахтгирона хоҳад дошт.

Хабаргузориҳо бо такя ба мақомоти расмӣ гуфтанд, ки суханронии Трамп соати 20:00 ба вақти Прага оғоз мешавад ва дар он сиёсати Трамп "Аввал Амрико" бартарӣ хоҳад дошт ва баъдан президент ба Чин тамғаи рақибӣ мезанад ва онро ба "таҳоҷуми иқтисодӣ" муттаҳам мекунад.

Доналд Трамп гоҳо аз раҳбари Чин Сӣ Ҷинпин ситоиш мекунад, аммо ҳамзамон аз Пекин мехоҳад, барои фишор ба шарики тиҷоратиаш Кореяи Шимолӣ, ки дар ин авохир чандин мушаки баллистикиро аз санҷиш гузаронд, кори бештар анҷом диҳад.

Стратегияи нави амнияти миллӣ, "сигнали як идда тадобири иқтисодӣ алайҳи Чин аст",- навиштааст нашрияи Financial Times.

Баъзе мунақидон ҳушдор медиҳанд, ки мавқеи шадид дар баробари Чин метавонад роҳро ба ҷанги тиҷоратӣ бо ин "ғули осиёӣ" боз кунад.

Стратегияи амнияти миллӣ, ки тарҳи он то авохири ҳафта коркард мешуд, як санади расмӣ аст, ки ҳар раиси ҷумҳури ИМА, аз замони президент Роналд Рейган, онро маъмулан ҳар чаҳор сол як бор таҳия мекунад.

XS
SM
MD
LG