Як сокини шаҳри Панҷакент бо иттиҳоми қатли домодаш боздошт шудааст. Мақомоти умури дохилӣ гуфтанд, ки ин ҳодиса рӯзи 1-уми март дар деҳаи Сӯфиён рух дода, ҷасадро дар роҳи мошингарди “Айнӣ – Панҷакент” ёфтаанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 3-юми март гуфт, дар гардани мавриди фавтида чанд ҷароҳатро дидаанд. “Ҳангоми чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса бо изи гарм падарарӯси марҳум дастгир карда шуд”, - гуфтанд дар ВКД.
Тафтишти ибтидоӣ маълум кардааст, ки сокини боздоштшудаи шаҳри Панҷакент дар ҳолати мастӣ ба гардани домодаш бо корд задааст. Тафтишот мегӯяд, гӯё ӯ ба домодаш хусумати шахсӣ дошт. Аммо дар бораи баҳси миёни онҳо тафсилот дода нашудааст. Инчунин ному насбаи онҳоро ошкор накардаанд.
Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Тайи моҳҳои охир чанд ҳодисаи қатли сокинон ба дасти наздиконашон, аз ҷумла куштори падар ба дасти писар сабт шудааст.