Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Арманистон Армен Саркисиянро президент интихоб кард


Армен Саркисиян ва Серж Саркисиян
Армен Саркисиян ва Серж Саркисиян

Порлумони Арманистон рӯзи 2 март Армен Саркисиянро президенти навбатии кишвар интихоб кард.

Навад қонунгузор ба тарафдории Саркисияни 64-сола - нахуствазири собиқ ва сафири феълии Арманистон дар Британия овоз доданд. Даҳ нафар ба номзадии ӯ мухолифат кард.Саркисиян дар мақоми президентӣ Серж Саркисиянро иваз мекунад, ки ба гуфтаи мухолифин акнун нахуствазир мешавад ва ҳарду ҳукумат мекунанд.

Серж Саркисиян дар интихоб шудани президенти навбати рабте надорад. Армен Саркисиянро ҳизби ҳокими Республика рӯзи 19 январ ба мақоми президентӣ пешбарӣ кард.

Баъди референдуми соли 2015 Арманистон сохтори ҳукуматро аз нима президентӣ ба ҷумҳурии порлумонӣ табдил кард.

Дар натиҷа саплоҳияи президент коҳиш ёфт ва прездент дигар на дар интихоботи мустақим, балки ҳар ҳафт сол дар порлумон интихоб мешавад.

XS
SM
MD
LG