Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА интиқоли маҷмааи мушакии Javelin ба Украинаро тасдиқ кард


Акси тасвирӣ
Акси тасвирӣ

Департаменти давлатии ИМА интиқоли маҷмааи зиддимушакии Javelin-ба Украинаро тасдиқ кард. Ин маҷмаа 47 миллион доллар арзиш дорад. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи панҷшанбе бо такя ба манбаҳои Пентагон гузориш дод.

Дар маҷмуъ, ба Украина 210 маҷмааи низомӣ фиристода хоҳад шуд. Дар изҳороти мақомоти мудофиаи амрикоӣ омадааст, " Javelin ба Украина кумак мекунад, ки истиқлолият ва тамомияти арзиашро ҳифз намояд". ИМА бар ин назар аст, ки фиристодани маҷмааи Javelin ба Украина тавозуни низомиро дар минтақа ба ҳам нахоҳад зад.

Моҳи декабри соли 2017 ҳукумати президент Доналд Трамп интиқоли бахши аввали аслиҳаи мудофиавӣ ба артиши Украина тасдиқ карда буд. Он замон гуфта шуд, ки Трамп тасмим дорад, интиқоли маҷмааи Javelin-ро низ тасдиқ кунад.

Ҳукумати пешини Амрико бо роҳбарии президент Барак Обама ҳарчанд дар низоъи байни Русия ва Украина аз Киев ҳимоят мекард ва зидди Москва таҳрим низ ҷорӣ карда буд, вале аз интиқоли аслиҳа ба артиши Украина худдорӣ меварзид.

Владимир Путин, президенти Русия пештар гуфт, интиқоли силоҳ ба Украина "вазъи Донбассро тағйир нахоҳад дод". Вале Путин гуфта буд, ки ҷудоихоҳони рӯ ба Русия метавонанд "ба минтақаҳои дигари низоъ" силоҳ интиқол диҳанд. Ӯ шарҳ надод, ки чиро дар назар дорад.

XS
SM
MD
LG