Дар натиҷаи садамаи нақлиётии рӯзи 1 март дар ҳудуди вилояти Мангистауи Қазоқистон шаш шаҳрванди Узбекистон кушта шуд.
Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Узбекистон, бархурди мошини сабукрав бо мошини борбар субҳи 1 март рух дод.
Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ҳамаи 7 мусофири мошини сабукрав ҳалок шуд.
Шаш тан аз ҳалокшудаҳо шаҳрвандони Узбекистон буданд, хабар медиҳад вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар.
Пулис бо моддаи "Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ" парванда боз кард.
Дар давоми ду моҳи ахир теъдоде аз шаҳрвандони Узбекистон дар пайи садамаҳои нақлиётӣ дар ҳудуди Қазоқистон ба ҳалокат расид.