Мақомоти Чехия яке аз пешвоёни бонуфузи курдҳои Сурияро бо дархости ҳукумати Туркия дастгир кардаанд. Хабаргузории расмии Туркия ва ТЕВ ДЕМ, як эътилофи сиёсии курдҳо рӯзи 25-уми феврал гуфтанд, ки Солеҳ Муслим, ҳамраиси Ҳизби Воҳиди Демократии Курдҳо рӯзи 24-уми феврал дар шаҳри Прага дастгир шудааст.
Мақомоти Чехия ҳанӯз масъалаи боздошти Солеҳ Муслимро, ки шаҳрванди Сурия аст, шарҳ надодаанд. ТЕВ-ДЕМ гуфтааст, ки Туркия дархости боздошти Солеҳ Муслимро содир кардааст ва боздошти ӯ ҳам «амали ғайриқонунӣ» аст.
Туркия Ҳизби Воҳиди Демократии Курдҳоро, ки нерӯи асосии сиёсии курдҳои Сурия аст, созмони террористӣ мешуморад. Ҳоло маълум нест, Солеҳ Муслимро ба Туркия месупоранд, ё не, чун қарори ниҳоӣ дар дасти додгоҳҳои Чехия аст.