Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозиҳои олимпӣ дар Куриёи Ҷанубӣ ба поён расид


Расми хатми бозиҳои олимпӣ

Бозиҳои олипмӣ дар шаҳри Пёнгчанги Куриёи Ҷанубӣ ба поён расид ва варзишгарони рус бо парчами хоси худ дар маросими хатми бозиҳо гузар карданд, зеро кишварашон ҳаққи ширкат дар бозиро надошт.

Томас Бах, раиси Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ рӯзи 25-уми феврал расман аз хатми бозиҳо хабар дод. Дар ин маросим Иванка Трамп, духтари раиси ҷумҳури Амрико ва як ҳайати баландпоя аз Куриёи Шимолӣ ҳузур дошт.

Рӯзи 25-уми феврал Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор дар бораи манъи ширкати тими миллии Русия дар бозиҳои олимпиро бетағйир гузошт ва ҳамингуна варзишгарони рус натавонистанд, парчами кишварашонро бардоранд. Онҳо зери парчами хоси бо номи Варзишгарони олимпӣ аз Русия дар маросим ширкат карданд.

Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ баъди он Русияро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпӣ маҳрум кард, ки таҳқиқ нишон дод, варзишгарони рус дар бозиҳои олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочи аз доруҳои мамнӯи нерӯафзо барои варзишгарон васеъ истифода бурдаанд. Аммо ба 168 варзишгар аз Русия ҳақ доданд, ки мустақилона дар бозиҳо ширкат кунанд. Русия умедвор буд, ки Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ қарорашро бознигарӣ мекунад.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG