Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафтҳои чашмгир дар музокироти марзии Тоҷикистону Узбекистон. АКС


Ҳайати Тоҷикистону Узбекистон дар Фарғона
Ҳайати Тоҷикистону Узбекистон дар Фарғона

Дар шаҳри Фарғона нишасти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба таъйин ва аломатгузории марзи ду кишвар ба поён расид. Бино ба хабари вазорати умури хориҷии Узбекистон ҳайати ду тарафро нахуствазирони ҳарду кишвар Абдулло Орипов ва Қоҳир Расулзода раҳбарӣ карданд.

Дар баёнияи расмии вазорат омадааст, ки ду тараф “хати марзи давлатӣ дар минтақаҳои алоҳидаро баррасӣ карданд” ва гуфтанд, ки ба онҳо муяссар шудааст, дар муддати кӯтоҳе дар масъалаи таъйини сарҳад ба пешрафтҳои чашмгир ноил шаванд.

Дар баёнияи вазорати умури хориҷии Узбекистон, ки рӯзи 24-уми феврал нашр шуд, ҳамчунин омадааст, ки дар ин нишаст, аъзои ҳукуматҳо, вазирон ва раҳбарони ниҳодҳои муҳими иқтисодӣ ҳузур доштанд. “Дар ҷараёни музокироти сермаҳсул, ки дар фазои бозу дӯстона ва созанда сурат гирифт, раҳбарони ҳайатҳо ба сатҳи ҳамкориҳои феълӣ ва рушди муносиботи Тоҷикистону Узбекистон баҳои баланд доданд.”

Нахуствазирони ду кишвар
Нахуствазирони ду кишвар

Ду тараф ҳамчунин бастаи созишномаву қарордодҳоеро баррасӣ кардаанд, ки қарор аст, дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон имзо шаванд. Қарор аст, Шавкат Мирзиёев моҳи оянда ба Душанбе сафари давлатӣ анҷом бидиҳад.

Беш аз 90 дар сади сарҳади 1300-километрии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон таъйину аломатгузорӣ шудааст ва фақат 60 километри дигар мондааст, ки бояд ду тараф сари тақсими он ба мувофиқа бирасанд. Ҳоло маълум нест, тарафҳо дар кадом масоил ба мувофиқа расидаанд ва кадом гӯшаҳои марз таъйин нашудааст.

Яке аз масоили мушкил дар музокирот сарнавишти нерӯгоҳи Фарҳод аст, ки обанбораш дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст, вале он шаҳри Тошкандро бо нерӯи барқ ва оби ошомиданӣ таъмин мекунад. Обанбор дар солҳои 50 дар қаламрави Тоҷикистон сохта шудааст, вале онро мутахассисони Узбекистон мудирият мекунанд.

Фаъолияти Комиссияи муштаракаи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбакистон панҷ сол қабл дар аҳди раиси ҷумҳури пешини Узбакистон Ислом Каримов мутаввақиф шуд ва соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон ҳайати нави комиссияро ба раҳбарии Қоҳир Расулзода тасдиқ кард.

Нишаст бо ҳузури вазирон ва дигар мақомоти баландпоя сурат гирифт.
Нишаст бо ҳузури вазирон ва дигар мақомоти баландпоя сурат гирифт.

Тоҷикистону Узбекистон дар аҳди Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбекистон дар бист соли гузашта муносибати хуб надоштанд. Баъди даргузашти Ислом Каримов дар моҳи сентябри соли 2016 ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, робитаҳо дигар шуд. Ҳоло ду тараф равуо барои шаҳрвандонро осонтар карда, дар кишварҳои ҳамдигар намоишгоҳи саноативу иқтисодӣ ва рӯзҳои фарҳангӣ баргузор намуданд.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон моҳи январ гуфт, ки аз ин баъд кишвараш ва Тоҷикистон мисли ду ҳамсояи хубе зиндагӣ хоҳанд кард, зеро “ҳеҷ ҳамсояи бадро” баъди марг касе намебахшад.

Раиси ҷумҳури Узбакистон зимни суханронӣ дар ҳузури вакилони вилояти Тошканд дар рӯзи 6-уми январ хабар дод, ки барои сафари расмӣ ба Тоҷикистон омода мешавад ва қарор аст, зимни ин сафар “катта катта қарордод” ва ё қарордодҳои бузурге байни ду тараф ба имзо бирасанд.

XS
SM
MD
LG