Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон як гӯшаашро ба тоҷикон боз кард. Бе виза – дар Бешариқ. САДО


Гузаргоҳи Патар – Андархон дар марзи Тоҷикистону Узбекистон пурра боз шуд. Ин гузаргоҳ дар байни шаҳри Конибодоми Тоҷикистон ва ноҳияи Бешариқи Узбекистон воқеъ аст ва ҳудуди 10 сол боз баста буд.

Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи "Патар"-ро боз карданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
Линки мустақим

Рӯзи 10-уми феврал ҳамроҳи раиси шаҳр ба гузаргоҳ рафтем ва ин паёмро ба сокинон расондем

Мақомоти шҳари Конибодоми вилояти Суғд рӯзи 12-уми феврал гуфтанд, ки сокинони ноҳияҳои наздимарзӣ ҳақ пайдо карданд, барои 5 шабонарӯз бидуни дарёфти виза ва барқияву даъватнома ба минтақаҳои якдигар сафар кунанд. Аммо сокинони шаҳру ноҳияҳои дигар муваззафанд, барои убур аз инҷо виза гиранд.

  • Дар гузашта сокинони шаҳри Конибодом барои иштирок дар маросими хурсандӣ ё азои наздикону дӯстон дар он сӯи марз маҷбур буданд, барқия ё даъватнома дарёфт кунанд.

Фирдавс Ёдгорӣ, муовини аввали раиси шаҳри Конибодом, рӯзи 12-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷониби Узбекистон қоидаи сафар тавассути "барқия"-ро бекор кардааст. "Рӯзи 10-уми феврал ҳамроҳи раиси шаҳр ба гузаргоҳ рафтем ва ин паёмро ба сокинон расондем," - афзуд ӯ.

Патар - Андархон яке аз 9 гузаргоҳи байни Тоҷикистону Узбекистон аст, ки барои равуои шаҳрвандон ва нақлиёт аз соли 2009 баста буд. Дар шимоли Тоҷикистон солҳои ахир танҳо гузаргоҳи марзии Фотеҳобод (Ойбек) дар ноҳияи Мастчоҳ барои равуои сокинон бо визаву "барқия" ва нақлиёти ҳар ду кишвар ва транзитӣ ба тариқи шабонарӯзӣ боз буд.

Минтақаи Патар дар шаҳри Конибодом
Минтақаи Патар дар шаҳри Конибодом

Рӯзноманигор Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад, ки аз гузаргоҳи Патар дидан кардаст, ба Радиои Озодӣ гуфт, даҳҳо нафар бо чеҳраҳои шод аз гузаргоҳ мегузаштанд. "Ҳамин якшанбе тоҷирони ноҳияи Бешариқ низ ба бозори Конибодом тухмӣ оварданд. Инчунин, чанд нафар баъди солҳо ба дидори пайвандони худ расиданд," - нақл кард ӯ. Маҳмуди Ашӯрмуҳаммад гуфт, худи ӯ низ майли сафар ба ноҳияи Бешариқро дорад: "Дар онҷо хешу табор надорам, фақат барои тамошо рафтанӣ ҳастам. Ҷойҳоеро, ки дар ҷавонӣ бароям ошно буд, як бори дигар диданӣ ҳастам."

Хушҳолии сокинон

Гавҳарой Низомова, сокини шаҳраки Айнии ноҳияи Конибодом, модар ва хешонашро, ки дар ноҳияи Бешариқи Узбекистон зиндагӣ мекунанд, 10 сол боз надидааст. Ӯ мегӯяд, ба дидори онҳо расидан барояш ҳаяҷонбахш аст ва умед дорад роҳи байни Тоҷикистону Узбекистон ба рӯи ҳама сокинони ин ду кишвар боз гардад.

Тухтасун Ҷӯраев, сокини деҳаи Лаққони ноҳияи Исфара мегӯяд, чун шунид, ки гузаргоҳ боз шуд, шиноснома ва меваи хушк барои ҳадя гирифта, раҳи дидор бо хоҳарашро пеш гирифт. Вай мегӯяд, бо хоҳараш танҳо тавассути телефон ва гоҳе интернет сӯҳбат мекард, аммо дидори рӯ ба рӯ бо ҳам чизи дигар аст.

Ҷартеппа ҳам боз мешавад

Аз ин пеш, моҳи октябри соли гузашта, ​девори гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистон бо Узбекистон дар шаҳри Панҷакент барчида шуд ва дар назди гузаргоҳи “Ҷартеппа”, ки 7 сол боз баста буд, сохтмони терминали нави гумрукӣ дар ҳоли анҷомёбист. Барчида шудани девор ва сохтмони терминали нави гумрукӣ дар назди ин гузаргоҳ сокинонро ба оғози тиҷорату равуо дар байни ду кишвар хушбин кардааст.

Гузаргоҳи “Ҷартеппа” дар ҷамоати Саразми Панҷакент яке аз 16 гузаргоҳи сарҳадӣ бо Узбекистон аст, ки то соли 2010 боз буд. Моҳи ноябри соли 2010 бо ибтикори ҷониби Узбекистон ин гузаргоҳи пурравуои Тоҷикистон бо ҳамсоякишвараш баста шуд.

Ях об шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев

Ин ҳама дигаргуниҳо дар пайи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбекистон дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев имконпазир шуд. Равобити Тоҷикистону Узбекистон аз тирамоҳи соли 2016 ба гармӣ гаравид ва раҳбарони ду кишвар борҳо дар ҳошияи мулоқоти минтақавӣ гуфтугӯ доштанд.

Соли гузашта ҳайатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорони ду кишвар бо ҳам дидор карда, роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуданд. Танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели соли гузашта миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шуда буд.

XS
SM
MD
LG