Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи Шавкат Мирзиёев ба Эмомалӣ Раҳмон


Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев. Акс аз бойгонӣ

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон, бо ирсоли як нома ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон омодагии худу кишварашро барои тақвияти ҳамкории бештар бо Тоҷикистон баён доштааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки ин нома рӯзи 7-уми сентябр дар остонаи ҷашни 26-умин солгарди истиқлоли кишвар дастрас шуд.

Бино ба ин нома, ки матни онро вебсайти раиси ҷумҳур нашр кард, Шавкат Мирзиёев аз рушди, ба гуфтаи ӯ, мунтазами робитаҳои дуҷониба ва тақвияти ҳамкорӣ махсусан дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту иртиботот ва фарҳангу гуманитарӣ изшҳори қаноатмандӣ кардааст.

“Таъкид менамоям, ки мо дар Ӯзбекистон ба таҳким ва тақвияти муколамаи эътимодбахш ва созанда доир ба кулли рӯзномаи ҳамгироӣ азми қавӣ дорем ва омодаем, ки якҷоя иқтидори мавҷуда ва тамоми имконоти ҳамкории бисёрҷанбаро амалӣ намоем”, - изофа крдааст ӯ.

Раиси ҷумҳури Узбакистон гуфтааст, “муносибатҳои Узбакистону Тоҷикистон бино ба принсипҳои устувори анъанавии ҳамҷавории нек ва назардошти манфиатҳои тарафҳо асос ёфтааст ва , минбаъд низ мунтазам ва босубот ба манфиати мардуми ду кишвар таҳким меёбанд.”

Дар пайи даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури нахустини Узбакистон дар моҳи сентябри соли гузашта ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев равобити ин кишвар бо кишварҳои ҳамсоя бо шумули Тоҷикистон ба таври назаррас беҳбуд ёфт. Имсол ҳайатҳои иқтисодӣ ва соҳибкорони ин ду кишвар бо ҳам дидор ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ карданд.

Танҳо дар ҷараёни намоишгоҳ-фурӯши молу маҳсулоти кишвар дар Душанбе дар моҳи апрели имсол, миёни ширкат ва соҳибкорони ду тараф ба маблағи 50 миллион доллар қарордод имзо шудааст. Дар ин намоишгоҳ беш аз 160 ширкат ва ҳудуди 500 соҳибкори узбакистонӣ иштирок карда, ҳудуди 1500 навъи маҳсулоту молҳои саноатӣ муаррифӣ шудаст. Баъди музокироти чандинмоҳа ва танаффуси 25-сола, моҳи апрели имсол парвози ҳавопаймоҳо дар масири Тошканду Душанбе низ ба роҳ монда шуд.

XS
SM
MD
LG