Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: Роҳҳо баъди сафари Мирзиёев пурра боз мешаванд. ВИДЕО


Худоёр Худоёрзода

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки ба зудтарин фурсат ҳаракати қатор дар масири Амузанг – Хатлон роҳандозӣ хоҳад шуд. Худоёр Худоёрзода рӯзи 15-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, "инчунин, мусофирбарҳои самти Тоҷикистону Узбекистон ба кор хоҳанд пардохт."

  • Созишномаи ниҳоӣ барои оғози ҳамлу нақл дар ин масирҳо бояд дар ҷараёни сафари қарибулвуқӯи Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон имзо шавад.
Як дипломати тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол Мирзиёев дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз вориди Душанбе шавад.

Худоёр Худоёрзода гуфт, якҷоя бо мутахассисони зирабти Узбекистон аз маҳалли таъмири роҳи оҳани Амузанг - Хатлон ошно шудааст. "Омодагӣ ба ифтитоҳи роҳ тақрибан ниҳоӣ шудааст ва ҳар ду кишвар интизори имзои созишнома масир ҳастанд", - гуфт ӯ.

Роҳе, ки 7 сол пеш вайрон шуд

Қисмати роҳи оҳани Амузанг-Хатлон дар соли 2011 хароб шуд ва ноҳияҳои ҷануби Тоҷикистонро бо мушкилоти ҳамлу нақли молу коло рӯбарӯ кард. Қаблан тариқи ин масир аз кишварҳои Шӯравии собиқ маҳсулот ворид мешуд ва ҳам аз яке аз роҳҳои аслии содироти молу коло аз ҷануби Тоҷикистон ба хориҷ ба ҳисоб мерафт. Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, "азсаргирии ҳаракати қатор дар масири Амузанг - Хатлон хароҷоти соҳибкоронро камтар ва фоидаи иқтисодии онҳоро бештар мекунад”.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон
Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбакистон

Вай дар посух ба ин саволи Радиои Озодӣ, ки дақиқан кадом рӯз бояд ҳаракати қатор дар масири Амзуанг – Хатлонро интизор шуд, гуфт, “ҳоло касе санаи дақиқро гуфта наметавонад. Таърихи дақиқаш дар ҷараёни сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон эълон мешавад”.

Аз Тоҷикистон ба Узбекистон - бо автобус

Дар нишасти матбуотии худ вазири нақлиёти Тоҷикистон, инчунин, аз нияти шурӯи ҳаракати автобусҳо ба чанд шаҳри Узбекистон хабар дод. Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, тибқи созиши муқаддамотии байни ҷонибҳо, автобусҳо, қарор аст, аз Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд ба шаҳрҳҳои Тошканд, Термиз ва Деҳнав ҳаракат кунанд. Худоёрзода гуфт, мавзӯи ҳаракати автобусҳо дар ҷаласаи комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки ахиран дар Душанбе баргузор шуд, баррасӣ шуд.

Худоёр Худоёрзода дар посух ба саволи Радиои Озодӣ дар заминаи пазируфта шудани пешниҳоди ширкати “Узбекистон ҳаво йӯлларӣ” дар бораи оғози парвози ҳавопаймоҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Самарқанду Бухорои Узбекистон гуфт: “Тоҷикистон ин пешниҳодро ҷонибдорӣ мекунад. Ҳоло мушаххасоти ин тавофуқро наметавонам эълон кунам, зеро то ҳол Тоҷикистон ва Узбекистон дар бораи парвозҳои ҳавопаймо созишнома имзо накардаанд. Вазоратҳои зирабти Тоҷикистон ва Узбекистон аллакай матни ин созишномаро ҷонибдорӣ кардаанд ва матни ниҳоӣ бояд дар ҷараёни дидори президент Мирзиёев аз Тоҷикистон имзо шавад”.

Вазир: Роҳҳо баъди сафари Мирзиёев пурра боз мешаванд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:48 0:00

Ҳама интизори Шавкат Мирзиёев

Қурбоналӣ Хизиров, мудири пажӯҳишгоҳи “Нақлиёти автомобилӣ ва хидматрасонии логистикӣ” 15-уми феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умед кард, ки алоқамандони сафар тавассути масирҳои нави ҳавоӣ ва нақлиёти заминӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон зиёд хоҳад буд.

Аммо ҳамон тавре ки мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ҳамаи ин кор баъди сафари нахустин ва расмии президент Шавкат Мирзиёев ба Душанбе имконпазир хоҳад шуд. Қарор аст, сафари Мирзиёев моҳи марти имсол сурат гирад. Худоёр Худоёрзода низ гуфт, сафари президенти Узбекистон ба Тоҷикистон дар моҳи март сурат мегирад, вале нагуфт, дақиқан дар кадом рӯзҳо Шавкат Мирзиёев дар Душанбе хоҳад буд.

Як дипломати тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол Мирзиёев дар рӯзҳои таҷлил аз Наврӯз вориди Душанбе шавад. Гуфта мешавад, ҳарду ҷониб барои имзои “бастаи калони созишномаҳои ҳамкорӣ” омодагӣ мебинанд ва ин қарордодҳо тамоми паҳлӯҳои ҳамкории байни ду кишвари ҳамсояро дар бар хоҳад гирифт. Дар миёни ин санадҳо – бозбинӣ шудани шароити сафар бо виза ё раводид ба қаламрави ҳамдигар мебошад.

Дар давоми беш аз як соли раҳбарии Мирзиёев дар Узбекистон, президенти нав ошкоро ба таҳрири комили равобит бо ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон даъват кардааст. Аз ҷумла, баъди 10 соли баста будани марз, ҳафтаи ҷорӣ гузаргоҳи Патар – Андархон дар марзи Тоҷикистону Узбекистон пурра боз шуд ва ба сокинони деҳоти наздимарзӣ аз рӯи қонуни амалкунанда ҳақи убури бераводиди марз фароҳам омад.

Соли 2017 парвозҳои ҳавопаймоҳо миёни Душанбеву Тошканд аз сар гирифта шуд ва баъди 25 соли танаффус, роҳи шаҳрвандони ду кишвар ба сӯи якдигар боз шуд. Инчунин дар соли гузашта чандин музокироту маросими имзои созишномаҳои ҳамкории тиҷоратии миёни соҳибкорони ду кишвар сурат гирифт.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG