Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кумитаи Байналмилии Олимпӣ Русияро ноумед кард


Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ қарор дар бораи аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпӣ маҳрум кардани тими миллии Русияро бетағйир гузошт. Ҳамингуна варзишгарони рус иҷоза надоранд, дар маросими хатми бозиҳои олимпӣ дар шаҳри Пёнгчанги Куриёи Ҷанубӣ бо парчами кишвараш гузар кунанд.

Қарори аъзои кумита рӯзи 25-уми феврал ва чанд дақиқа баъд аз он содир шуд, ки шӯрои Кумитаи байналмилалии олимпӣ тавсия дод, қарори манъи ширкати тими миллии Русия дар бозиҳо бетағйир бимонд. Акнун варзишгарони рус ҳақ доранд, дар маросими хотимаи бозиҳои олимпӣ бо парчами тими варзишгарони олимпии Русия аз майдон гузар кунанд.

Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ баъди он Русияро аз ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпӣ маҳрум кард, ки таҳқиқ нишон дод, варзишгарони рус дар бозиҳои олимпии соли 2014 дар шаҳри Сочи аз доруҳои мамнӯи нерӯафзо барои варзишгарон васеъ истифода бурдаанд. Аммо ба 168 варзишгар аз Русия ҳақ доданд, ки мустақилона дар бозиҳо ширкат кунанд. Русия умедвор буд, ки Кумитаи Байналмилалии Олимпӣ қарорашро бознигарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG