Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон “Хонаи савдои Тоҷикистон” боз шуд


Дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон, “Хонаи савдои Тоҷикистон” боз шудааст. Мақомот рӯзи 24-уми феврал гуфтанд, ки ин марказро ширкати “Ғаюр” ифтитоҳ кард.

Ба қавли мақомот, феълан дар “Хонаи савдои Тоҷикистон” асосан маҳсулоти сохтмонии ширкати “Ғаюр”, ки ба Акбар Ғуломов, писари нахуствазири собиқ Асадулло Ғуломов мутааллиқ аст, ба фурӯш гузошта шудааст. Ширкати “Ғаюр” дар ҳоли ҳозир бузургтарин корхонаҳои истеҳсоли сементро дар ихтиёр дорад.

Ташкили “Хонаи савдои Тоҷикистон” зоҳиран посух ба “Маркази савдои Узбекистон” дар Хуҷанд аст. “Маркази савдои Узбекистон” моҳи октябри соли гузашта дар маркази вилояти Суғд ба кор пардохт ва намунаҳои маҳсулоти тавлиди он кишварро ба намоиш ва фурӯш гузошт.

“Маркази савдои Узбекистон” дар бинои собиқи “Маркази тиҷоратии Эрон” дар шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Тибқи омори расмӣ, соли 2017 ҳаҷми табодули мол байни Тоҷикистону Узбекистон ба 126 миллион доллар баробар гардидааст. Аз он 69 миллион доллар воридоти мол аз Узбекистон ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содироти мол аз Тоҷикистон ба Узбекистонро ташкил медиҳад.

Видеоҳои охирин

Шумори донишҷӯёни узбек дар донишгоҳҳои Тоҷикистон якбора афзоиш ёфт
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:06 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG