Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари Русия медали Олимпиро бармегардонад


Александр Крушелнитский

Варзишгари Русия Александр Крушелнитский, ки дар хунаш изи доруҳои манъшуда ошкор шуд, медали биринҷии Олимпиро бармегардонад. Дар ин бораи Додгоҳи ҳакамии варзишӣ рӯзи 22 феврал дар сомонааш хабар дод.

Александр Крушелнитский ва ҳамсараш Анастасия Бризгалова дар Пхёнчхан дар намуди варзиши кёрлинг соҳиби медали биринҷӣ шуданд.

"Мо баёнот додем, ки воқеан дар хунаш доруи неруафзо дорад ва ба ин далел медалро бармегардонем", - гуфт сухангӯи Федератсияи кёрлинги Русия Валентина Паринова.

Дар додгоҳи ҳакамии варзишӣ имрӯз парвандаи Крушелнитский баррасӣ мешавад. Крушелнитский мегӯяд, дар ин муҳокима ширкат нахоҳад кард.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG