Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА "муомилоти молӣ"-и ҳукуматҳо бо соҳаи низомии Русияро таҳрим мекунад


Сарбозони Русия дар Майдони Сурх
Сарбозони Русия дар Майдони Сурх

Ийолоти Муттаҳидаи Амрико ба ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон ҳушдор медиҳад, ки дар сурати "муомилаи муҳими молӣ" бо низомиёни Русия, дар ростои таҳрим қарор мегиранд,- гуфт як мақоми аршади ИМА.

Ҳушдореро, ки мақомот рӯзи 21 феврал ба хабарнигорон дар Вашингтон ошкор карданд, ба думболи иддаои Депатаменти давлатӣ пахш шуд, ки мегӯяд, саноати дифоии Русия баъди таҳрими солҳои ахир 3 миллиард доллар хисорот дид.

Мақоми аршади Амрико, ки ба шарти ошкор нашудани номаш сӯҳбат мекард, гуфт, дар пайи ин ҳушдори Амрико "кишварҳои бузург" харидории силоҳро аз Русия бознигарӣ мекунанд. Ахиран Амрико феҳрасти идораҳои дифоӣ ва истихборотии Русияро нашр кард, ки ҳадафи таҳримҳои ИМА қарор гирифтаанд.

Мақомот мегӯянд, як кишваре, ки ҳушдор гирифт, Туркия буд, ки барои харидории сохтори дифои мушакии S-400-и Русия гуфтушунид пеш мебарад. Туркия гуфтааст, ки барои дастрасӣ ба ин сохтор шариконаш дар НАТО-ро ҳамчун алтернатива баррасӣ мекунад.

Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 21 феврал гуфт, Русия аз зарари ин таҳримҳо ба фурӯши силоҳ ташвиш надорад.

"Ҳама чиз хуб аст",- гуфт Песков

XS
SM
MD
LG