Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон "нозирон"-и СНБ-ро аз муассисаҳои динӣ барканор мекунад


Муовини раиси Идораи маънавии мусалмонҳои Узбекистон Айбдарбек Тулепов 17 феврал аз мақом барканор шуд. Бино бар иттилои Идораи мазкур, Тулепов вазифаи нозири Хадамоти амнияти миллиро анҷом медод. Ба ҷуз ин, чанд нозири дигар ҳам барканор шудааст, ки дар масҷидҳои Тошканд ифои вазифа мекарданд.

Айдарбек Тулепов аз соли 2006 ба ин тараф дар Идораи маънавии мусалмонони Узбекистон нозир буд. Вай аз Хадамоти амнияти миллӣ намояндагӣ мекард.

"Дар ҳоли ҳозир дар Хадамоти амнияти миллӣ бозсозӣ идома дорад. Аз ҳамин хотир намояндагони Хадамоти амният дар муассисаҳои гуногун фаъолияташонро муваққатан қатъ карданд. Тулепов бо назардошти вазъи сиҳатиаш аризаи аз кор рафтанро навишт. Вале ҳоло дақиқ нест, ки нафари дигаре ба ҷои вай таъйин мешавад ё не", - гуфт як манбаъ аз Идораи маънавии мусалмонҳои Ӯзбекистон.

Ба иттилои як имом аз яке аз масҷидҳои шаҳри Тошканд, ҳоло мақомоти додситонӣ ба кашф кардани "нозирон"-и Хадамоти амният машғул ҳастанд.

XS
SM
MD
LG