Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамоиши соҳибкорони тоҷику узбек дар моҳи март


Бизнес-форуми Тоҷикистону Узбекистон октябри соли 2017 дар Тошканд баргузор шуд

Мақомоти тоҷик дар бораи баргузории ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон хабар доданд, ки дар нимаи аввали моҳи март дар Душанбе барномарезӣ шудааст. Зоҳиран, ин мулоқот дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд, ки дар чаҳорчӯби он имзои созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.

Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Узбекистон ба хотири тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду давлати ҳамсоя ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ташкил мешавад. "Ховар" менависад, ки дар зарфи як соли охир ин ҳамоиши дуюми соҳибкорони ду кишвар мешавад ва дар доираи ин ҳамоиш намоиши молҳои саноатии истеҳсоли Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.

Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми табодули мол байни ду давлат соли 2017 ба 126 миллион доллар баробар гардидааст, ки аз он 69 миллион доллар воридоти мол аз Узбекистон ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содироти мол аз Тоҷикистон ба Узбекистонро ташкил медиҳад.

Видеоҳои охирин

Оташсӯзӣ дар яке аз истироҳатгоҳҳои Маскав
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:40 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG