Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод як зани туркро барои ҷанг дар тарафи ДИИШ ба марг маҳкум кард


Дӯкони фурӯши яхмос дар Бағдод - макони таркиши моҳи майи соли 2017
Дӯкони фурӯши яхмос дар Бағдод - макони таркиши моҳи майи соли 2017

Додгоҳи Ироқ шаҳрванди Туркияро барои ҳамоиш бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ба қатл маҳкум кард. Додгоҳ амр кард, ки ин зан ба дор кашида шавад. Дар ин бора рӯзи 19 феврал намояндаи додгоҳи ҷиноии Ироқ гузориш дод. Ба гуфтаи ин манбаъ, даҳ зани дигар аз миллатҳои мухталиф ба ҳабси абад маҳкум шуданд. Маҳкумшудаҳо метавонанд ҳукми додгоҳро дар зинаҳои дигари додгоҳӣ ба чолиш бикашанд.

"Додгоҳ дар робита ба даҳ зан, ки ба терроризм муттаҳам буданд, ҳукми зиндони абадро содир кард. Танҳо як нафар, ки шаҳрванди Туркия аст, ҳукми қатл гирифт",- гуфт додрас Абдул-Саттор ал-Биркдор. Бисёр шарҳвандони хориҷӣ аз тарафи ДИИШ дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок мекарданд.

Моҳи гузашта Ироқ ба як зани олмонӣ, барои мансубияташ ба ДИИШ ҳукми эъдом дод, соли гузашта як шаҳрванди Русияро дар заминаи ҳамоишаш бо ин гурӯҳи даҳшатафкан эъдом кард.

Ироқ моҳи декабр аз пирӯзӣ ба ДИИШ хабар дод, ки соли 2014 ҳудудан аз се як ҳиссаи ин кишварро таҳти назорат гирифта буд. Гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" аз тамоми минтақаҳои таҳти назораташ, дар ҳарду сӯи марзи Сурияву Ироқ берун ронда шуд. Аммо аъзои ин гурӯҳ ҳоло ҳам дар Ироқ амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд.

XS
SM
MD
LG