Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурӯҳҳои наҷоти Эрон ба маҳалли суқути ҳавопаймои АТР-72 расиданд


Ҳавопаймои ширкати "Осмон"-и Эрон - АТР- 72
Ҳавопаймои ширкати "Осмон"-и Эрон - АТР- 72

Гурӯҳҳои наҷоти Эрон ба маҳалли суқути ҳавопаймои АТР- 72 расиданд, ки дар натиҷаи он 65 нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора хабаргузориҳои Эрон рӯзи 19 феврал гузориш доданд. Шабакаи телевизиони давлатӣ гуфт, ки бо беҳтар шудани обу ҳаво, барои ҷустуҷӯи ҳавопаймои суқуткарда чархболҳо ҷалб шудаанд.

Бӯрони давомдори рӯзи 18 феврал амалиёти ҷустуҷӯро номумкин кард. Гурӯҳҳои ҷустуҷӯ танҳо субҳи 19 феврал ба ҷойи ҳодиса расиданд.

Ҳавопаймои АТР-72 субҳи 18 феврал аз Теҳрон ба самти шаҳри Ясуй, 500 километрии ҷануби пойтахт парвоз кард. Ин ҳавопаймо, ки 25 сол дар истифода буд, дар кӯҳи Дена, ҷанубу ғарби минтақаи Загрос сарозер шуд. Барои корҳои ҷустуҷӯӣ дастикам 100 кӯнаварди гурӯҳи наҷот ҷалб шудааст.

Оҷонсии амнияти парвозҳои Фаронса -BEA гуфт, дар таҳқиқи ҳодиса, ки таҳти назаротаи хадамоти ҳодисаҳои авиатсионии Британия ҷараён мегирад, иштирок хоҳад кард. Ҳавопаймои АТР-72 дар Фаронса ва Британия тавлид шудааст.

XS
SM
MD
LG