Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири Эрон Бенямин Нетаняҳуро "сиркбоз" номид


Муҳаммад Ҷавод Зариф
Муҳаммад Ҷавод Зариф

Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон интиқодоти сахти Бенямин Нетаняҳу нахуствазири Исроилро як сирке номид, ки ба гуфтаи вай “арзиши посух гуфтан надорад.”

Ӯ рӯзи 18-уми феврал зимни суханронӣ дар нишасти амниятии байналмилалӣ дар шаҳри Мюнхени Олмон гуфт: "Шумо субҳи имрӯз шоҳиди як сирке будед, ки ҳеҷ арзиши посух гуфтан ҳам надорад. Иҷоза диҳед дар бораи масоили муҳимтар сӯҳбат кунем."

Пеш аз суханронии вазири умури хориҷии Эрон, Бенямин Нетаняҳу, дар ҳамин нишаст гуфт, ки байни Эрони имрӯза ва Олмони фашистӣ монандиҳои такондиҳанда вуҷуд дорад. Ӯ ҳамчунин ба Эрон ҳушдор дод, ки “иродаи Исроилро имтиҳон накунад.”

Ҳангоми суханронӣ Бенямин Нетаняҳу як пораи оҳанеро нишон дода гуфт, ки ин пораи ҳавопаймои бесарнишини Эрон аст, ки нерӯҳои Исроил аввали ҳамин моҳ дар фазои кишвар нобуд карданд.

Танишҳо байни Эрону Исроил баъди он авҷ гирифт, ки як ҳавопаймои Исроилро нерӯҳои Сурия баъди бозгашт аз як амалиёти ҳавоӣ сарнагун карданд.

XS
SM
MD
LG