Як духтари навраси тоҷик бори дувум аз ҳузури худ дар яке аз паноҳгоҳҳои Ироқ хабар дод. Марям дар навори кӯтоҳи видеоӣ, ки зоҳиран аз тарафи хабарнигорони рус сабт шудааст, гуфт, мехоҳад бо тағои Саидаш гап занад.
"Алло бибӣ, чӣ хелед, созед? Саломатиатон хуб аст? Аммааму тағоям хубанд? Тағои Саидам чӣ хел аст? Агар мумкин аст, ба ин телефон рақами тағои Саидамро биоред. Агар биёяд, мехоҳам ин қадар бо тағои Саид гап занам..." – мегӯяд ӯ.
Ин навор рӯзи 16-уми феврал дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба гардиш даромад ва аз ҳама хоста шудааст, ки барои пайдо кардани наздикони ин духтар кумак кунанд. Аммо санаи дақиқи сабти навор маълум нест.
Ин паёми дувуми Марям дар бештар аз ним соли ахир аз Ироқ аст. Бори аввал ӯ аз ҳузури худ дар яке аз паноҳгоҳҳои Ироқ тавассути хабарнигорони "Russia Today" моҳи сентябри соли гузашта хабар дода буд. Он замон ӯ бо забони шикастаи русӣ гап мезад ва хабарнигорон низ ӯро Мария муаррифӣ карданд.
Вай он замон гуфта буд, ки “мушакборон хонаи моро хароб кард, ҳама аъзои оила кушта шуданд”. Ба нақли ӯ, волидонаш “аз Тоҷикистон ба Миср рафта”, худи ӯ дар ҳамон кишвар таваллуд шудааст. Баъди ин волидонаш ба Ироқ рафта, дар он ҷо боз соҳиби ду духтару як писар шудаанд. Вале дар ниҳоят ҳамаи онҳо кушта шудаанд.
Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар пайи шиносоии ӯ ва, ҳамин тавр, пайдо кардани наздиконаш ҳастанд. Аммо аз он замон то кунун ҳеч иттилое дар ин замина пахш накарданд.
Дар як гузориши ҳукумати Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид тобистони соли гузашта дар бораи ҳузури беш аз 250 тифли тоҷик дар қаламравҳои ҷангӣ хабар дода шудааст. Дар ин гузориш гуфта шудааст, ки аз ин ҳисоб 110 духтар ва 142 писар ҳастанд.