Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати молия кормандонашро аз "ғалбер" мегузаронад


Вазири молияи Тоҷикистон гуфт, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ тамоми кормандони ин вазорат аз аттестатсия гузаронда мешаванд. Файзиддин Қаҳҳорзода рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ҳамчун раҳбари тозатаъин мехоҳад бо сатҳи касбияти кормандони ин ниҳод ошно шавад.

“Аввалин вохӯрие ки бо кормандони вазорат доштам, маълум шуд, ки мо ҷавонони зиёди лаёқатманд дорем, ки донишгоҳҳои бонуфузи кишварҳои хориҷиро хатм кардаанд. Чанд нафар донишгоҳҳои Англияро хатм кардаанд ва ман мехоҳам ин нафарон дар қабули қарорҳое, ки имрӯз ба вазорати молия дахл доранд, ҷалб шаванд”-гуфт вазир.

Қаҳҳорзода гуфт ҳамтан аз нерӯи ҷавонони босаводу иқтисоддон дар ниҳоди зери раҳбарияш истифода хоҳад кард. Ба гуфтаи ӯ, ба баргузории аттестатсия афроди варзидаро ҷалб мекунад ва аз ҷараён ва шаффофияти он ба матбуот хабар хоҳад дод.

Вазири тозатаъини молия дар ҳоле кормандонашро аз “ғалбер” мегузаронад, ки 14-уми феврал Оҷонсии зидди фасод гуфт, ки дар робита ба қазияи раиси ширкати "Умед 88" бархе аз кормандони Вазорати молия ҳам бозпурсӣ хоҳанд шуд. Бархе нашрияҳо ҳам навиштанд, ки гӯё барои додани қарзи имтиёзнок, аз ҷумла дар қазияи “Умед-88”, мақомоти пешини вазорати молия аз ширкатҳо "ҳаққ" гирифтаанд.

Видеоҳои охирин

"Хоҳиш, ҳамин дастаро ба тартиб дароред"
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:06:03 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG