Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазорати молия: Барои "Роғун" 2 млрд сомонӣ ҷудо шудааст


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯянд, ки дар соли 2018 барои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" 2 млрд сомонӣ ҷудо шудааст. Файзиддин Қаҳҳорзода вазири молия 16-уми феврал дар нишасти хабари гуфт, ин маблағ барои ин бунёди ин нерӯгоҳ кифоя аст. Ба гуфтаи Қаҳҳорзода, аз 530 миллион долларе, ки аз фурӯши саҳмияҳо ва вомбаргҳо барои "Роғун" ба даст омада буд, 65 миллион доллар барои сохтмон алакай сарф шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14-уми октябр дар суҳбат бо соҳибкорон гуфт, Вазорати молия 171 миллион пули нерӯгоҳи Роғунро ба ширкати “Умед-88” қарз додаанд, аммо ин ширкат то ҳанӯз қарзро барнагардондааст. Баъд аз ин интиқоди раиси ҷумҳур роҳбари “Умед- 88” – ширкати фурӯши маводи сухт Раҷабалӣ Одинаев аз сӯи Оҷонси зидди фасод боздошт шуд. Ин қарз дар замони роҳбарии Абдусалом Қурбониён – вазири ҳамакнун собиқи молия дода шуда буд.

Аммо вазири тозатаъйини молияи Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ аз посух ба суолҳои марбут ба қазияи ширкати Умед-88 худдорӣ кард ва гуфт, то анҷоми тафтишот дар ин робита чизе гуфта наметавонад.

XS
SM
MD
LG