Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 нафар дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд


Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд чаҳор нафар ба ҳалокат расидаанд. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 16-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ин ҳодиса соати 18:10 дақиқаи шоми дирӯз 15-уми феврал дар наздикии мавзеи Хоҷаоби Гарм, дар ҷамоати Варзобқалъаи ноҳияи Варзоб рух додааст."

Ба гуфтаи хонум Юсуфӣ, ронандаи автомошина қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда ва дар натиҷа ба чуқурии 420 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа худи ронанда ва се нафар мусофири автомошина ба ҳалокат расидаанд. Хонум Юсупова афзуд, ки гурӯҳи наҷоти Кумита дар ҳамкорӣ бо кормандони вазорати корҳои дохилӣ ва ширкати IRS тавонистанд ҷасадҳои се тан аз афроди ба ҳалокатрасидаро аз чуқурии 420 метр берун бароранд, аммо ҷустуҷӯи фарди чорум идома дорад.

Ин дар ҳолест, ки саҳир рӯзи гузашта гурӯҳҳои наҷотбахш аз зери тармаву барф дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 7 нафарро зинда берун оварданд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба сокинони Тоҷикистон машварат додааст, ки бо сабаби хатари тармафароӣ то 17-уми феврал аз ҳаракат дар роҳҳои дарозу кӯҳӣ ва дар макони хатарнок, худдорӣ кунанд.

Далери Абдулло, сухангӯи намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон 16 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки тӯли ду рӯзи ахир кормандони ин ширкат дар роҳи Душанбе-Чаноқ паёмадҳои 70 тарма дар ҷодаро бартараф кардаанд. Вай афзуд, ки ба ин манзур феълан дар минтақаи Варзоб 40 адад техникаи пуриқтидори ин ширкат машғули бартараф кардани офати табиӣ ҳастанд.

Далери Абдулло афзуд, ки "ҳоло мутахассисони ин ширкат дар роҳи Душанбе-Чаноқ навбатдории шабонарӯзӣ роҳандозӣ карда, барои мусофирон хонаҳои ба истилоҳ кормандонро омода кардаанд, ки дар он ронандаҳо ва мусофирони дар роҳ дармонда метавонанд шабро рӯз кунанд ва аз сармо наҷот ёбанд".

"Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Тавилдара, Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Хоруғ-Ишкошим яхбандиҳои шадид, лағзиши тарма ва ҷамъ шудани барф дар назар дошта шудааст. Бахусус хатари лағзиши тарма ва сангреза таҳдид мекунад", - ҳушдор додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

XS
SM
MD
LG