Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиллерсон ба маҳви комили ДИИШ даъват кард


Тиллерсон дар нишасти дар мубориза бо ДИИШ дар шаҳри Кувейт. 13 феврал, 2018
Тиллерсон дар нишасти дар мубориза бо ДИИШ дар шаҳри Кувейт. 13 феврал, 2018

Котиби давлатии ИМА Рекс Тиллерсон аз кишварҳои узви эътилофи таҳти назари Амрико даъват кард, ки гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ"-ро то маҳви комили он дар Сурия ва Ироқ саркуб кунанд. Тиллерсон рӯзи 13 феврал дар нишасти кишварҳои узви эътилоф дар Кувейт гуфт, ки поёни даргириҳои густарда маънои нобудии комили ДИИШ-ро надорад.

Ӯ гуфт, ки ҷангиёни ДИИШ бахши умдаи қаламравҳои Сурияву Ироқро аз даст доданд, аммо ҳамоно ба амнияти минтақа ва гӯшаҳои дигари дунё таҳдид мекунанд.

Ҷангиён талош доранд дар Ироқу Сурия ба "шӯришгарон" табдил шаванд, - гуфт Тиллерсон ва афзӯд, ки "онҳо мехоҳанд дар кишварҳое мисли Афғонистон, Филиппин, Либиё ва Африқои Ҷанубӣ пинҳонгоҳ пайдо кунанд.

Тиллерсон ҳамчунин гуфт, ки Вашингтон барои таъмини эътидоли маҳаллаҳои озодшуда аз ДИИШ ва омода кардани нерӯҳои маҳаллӣ 200 миллион доллар ҷудо мекунад.

Беш аз 70 кишвар, баъди ишғоли ноҳияҳои бузурги Ироқ аз тарафи гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ", соли 2014 ба эътилофи таҳти сарварии ИМА ҳамроҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG