Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрвандони Русия дар ҷангҳои Сурия тасдиқ шуд


Шаҳрвандони Сурия дар ҳоли фирор аз шаҳри Ҷизрини Ғутаи Шарқӣ. 8 ферали соли 2018
Шаҳрвандони Сурия дар ҳоли фирор аз шаҳри Ҷизрини Ғутаи Шарқӣ. 8 ферали соли 2018

Наздикон ва дӯстони Станислав Матвеев ва Игор Косотуров дар суҳбат бо Оҷонсии РБК хабари марги ин низомиёнро дар Сурия тасдиқ карданд.

Рӯзи гузашта Conflict Intelligence Team (CIT) номи онҳоро шомили рӯйхати "гуруҳи Вагнера" карда буд, ки дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии эътилофи таҳти раҳбарии ИМА дар Дайр-уз-Зори Сурия ҷон бохтанд.

Игор Патско, яке аз хешовандони Станислав Матвеев мегӯяд, мақомот сабаби марги ӯро дар Сурия дақиқ нагуфтаанд ва ҳоло онҳо мунтазиранд, ки ҷасади Матвеев кай ба зодгоҳаш интиқол меёбад.

"Санаи марги ӯ бо санаи зарбаҳои ҳавоии Амрико рост меояд", - изҳор дошт Патско. Дӯсти Игор Косотуров - Любава Кочева ҳам гуфт, ки Косотуров 7-уми феврал дар Сурия ҷон бохтааст.

Ҷамъияти "Округи алоҳидаи казакҳои Балтика" низ хабари кушта шудани Владимир Логиновро, ки пештар аз марги ӯ CIT хабар дода буд, тасдиқ кард. "Логинов 7-уми феврал дар ҷангҳои Дайр-уз-Зор кушта шуд", - омадааст дар иттилоияи ҷамъият.

Ҳамраиси ҳаракати "Русияи дигар" Александр Аверин низ дар суҳбат бо "Медиазона" гуфта буд, ки дар миёни кушташудаҳо фаъоли ҳаракат Кирилл Аннаев ҳам ҳаст.

XS
SM
MD
LG