Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маъмурияти Шоҳқосим Шоҳисломов дар Тоҷикистон ба поён расид


Шоҳқосим Шоҳисломов аз соли 2005 сафири Узбакистон дар Тоҷикистон буд. Бисёриҳо нақши ӯро дар рушди муносибатҳои ду кишвар хеле камранг медонанд

Маъмурияти Шоҳқосим Шоҳисломов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон, ба поён расидааст. Шоҳисломови 67-сола тайи тақрибан 13 сол намояндаи расмии Узбакистон дар Душанбе буд.

Ҷониби Узбакистон ҳанӯз номи сафири навашро дар Тоҷикистон эълон накардааст.

Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 9-уми феврал Шоҳқосим Шоҳисломовро ба хотири анҷоми маъмурияташ ба ҳузур пазируфтааст. Дар ҷараёни мулоқот дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Узбакистон ва масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи ду тараф баррасӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, Сироҷиддин Аслов "барои фаъолияти касбии тӯлонӣ ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон" ба Шоҳқосим Шоисломов изҳори сипос кардааст.

Аммо бархе аз коршиносон мегӯянд, ки ӯ дар рушди равобити ду кишвар нақши муассир надошт. Дар замони сафирии ӯ равобити Тошканду Душанбе ба сардӣ гароида буд.

Ҳоло маълум нест, Шоҳқосим Шоҳисломов ба кори дипломатӣ идома хоҳад дод ё бознишаста хоҳад шуд.​ Вай пеш аз омаданаш ба Душанбе дар соли 2005, ба ҳайси сафири Узбакистон дар Русия кор кардааст.

Видеоҳои охирин

Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 23-уми феврали 2018 (HD)
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:15:00 0:00

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG