Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ҳакамӣ даъвои 47 варзишгари Русияро рад кард


Парчами Русия дар дасти як мухлис
Парчами Русия дар дасти як мухлис

Додгоҳи ҳакамии варзишии сайёрдар шаҳри Пхёнчхан, рӯзи 9 феврал даъвои 47 варзишгари Русия нисбати ҳукми Кумитаи байналхалқии олимпиро рад кард. Варзишгарон дар робита ба манъи ширкаташон дар Бозиҳои зимистонии олимпӣ шикоят карда буданд. Бозиҳои зимистонӣ имрӯз шуруъ мешаванд.

45 варзишгар ва ду мураббӣ натавонистанд исбот кунанд, ки қарори Кумитаи байналмилалии олимпӣ табъизомез, худсарона ва нодуруст буд, омадааст дар қарори додгоҳ. Кумитаи олимпӣ аз ҳукми додгоҳи ҳакамӣ ҷонибдорӣ кард.

Ибтидои ҳафта 32 варзишкгар рус, ки эҳтимолан допинг истифода набурдаанд, ба додгоҳи ҳакамӣ шикоят бурданд ва иҷозаи иштирок дар бозиҳоро пайдо карданд. 13 варзишгар ва 2 мураббии дигари рус, ки ҳамзамон ба додгоҳ шикоят карданд, дигарбора ҷавоби рад гирифтанд.

Кумитаи байналмилалии олимпӣ 5 декабр тими мунтахаби Русияро аз ширкат дар Бозиҳои олимпӣ-2018 дар Куриёи Ҷанубӣ маҳрум кард. Ду пажуҳише, ки қаблан анҷом шуда буд, собит кард, ки Кремл истифодаи допингро дар варзиши Русия созмон додааст.

XS
SM
MD
LG