Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси ҳамоҳангии нирӯҳои Русия ва Туркия дар Сурия


Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Владимир Путин
Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Владимир Путин

Раҳбарони Русияву Туркия дар бораи тақвияти ҳамоҳангӣ миёни нирӯҳои низомӣ ва хадамоти амнияти ду кишвар дар Сурия тавофуқ кардаанд. Ин созиш дар пайи суҳбати телефонии Владимир Путин ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон рӯзи 8-уми феврал ҳосил шудааст.

Ду тараф дар мавриди вазъияти Африн ва Идлиб дар Сурия низ баҳс кардаанд.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремлин, гуфт, дар ин суҳбат масъалаи нишасти сарони Русияву Туркия ва Эрон дар масоили Сурия низ баррасӣ шудааст. Аммо санаи дақиқи баргузории ин нишастро эълон накардаанд.

XS
SM
MD
LG