Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идеяи таъсиси шоҳигарӣ дар Қазоқистон дубора вирди забонҳо шуд


Президент Назарбоев бо духтараш Дариға
Президент Назарбоев бо духтараш Дариға

Шоири ҷавони қазоқ Балтабек Нургалиев ахиран дар мусоҳиба бо чанд расонаи маҳаллӣ пешниҳод кард, ки "кишварро бояд танҳо хонавода ё оли Назарбоевҳо роҳбарӣ кунад". Ӯ ягона нафаре нест, ки идеяи таъсиси шоҳигарӣ дар Қазоқистонро пешниҳод мекунад.

Нургалиев дар мусоҳиба бо расонаҳо иддао кард, ки танҳо шоҳигарӣ метавонад кафолати идеяи "Мардуми ҷовид" бошад. Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон чанд сол пеш идеяи "Мардуми ҷовид"-ро пешниҳод карда буд, вале баъдтар ин идея фаромӯш шуд. Нургалиев дар тақвияти идеяаш меафзояд, вориси тоҷу тахт аз синни хурдӣ дар руҳияе тарбият мешавад, ки дар оянда тавонад субот, амният, устувориро таъмин карда, кишварро аз табаддулотҳои сиёсӣ наҷот диҳад.

Соли 2006 Роҳат Алиев - он замон домоди Назарбоев, низ гуфта буд, "маҳз шоҳ метавонад кафили суботи мудовим бошад - чизе ки президентҳо наметавонанд онро таъмин кунанд".

Моҳи апрели соли 2015 Нурсултон Назарбоев барои як давраи дигар президент интихоб шуд. Назарбоеви 77-сола аз соли 1989 ин кишварро роҳбарӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG