Пайвандҳои дастрасӣ

Маҳмуд Аҳмадинажод вазорати адлия Эронро "сутуни зулм" номид


Президенти пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод

Раиси ҷумҳури пешини Эрон Маҳмуд Аҳмадинажод ба думболи боздошти тарафдоронаш Вазорати адлияи нерумандро дубора танқид кард ва онро "сутуни аслии зулму ситам" номид.

Назари худро дар робита ба қувваи қазоӣ, Аҳмадинажод дар номае бахшида ба солгарди Инқилоби Исломии Эрон сабт кард.

Ҳашт фаъоли матбуотии тарафдорони Маҳмуд Аҳмадинажод дар ин авохир боздошт шуданд. Сабаби боздошти онҳо маълум нест. Гуфта мешавад, ки баъзеи онҳо бо васиқа аз зиндон берун омаданд.

Президенти пешин дар номааш навиштааст, "касе дар Теҳрон дастур додааст, ки фаъолони матбуот аз вилоятҳои мухталиф боздошт шаванд". Ӯ ҳамчунин гуфтааст, баъзе боздоштшудаҳоро дар ҳуҷраҳои инфиродӣ нигаҳ дошта маҷбур карданд, ки ба гуноҳҳои нокарда иқрор шаванд.

Маҳмуд Аҳмадинажод - сиёсатмадори муҳофизакор, ки солҳои 2005-2013 президенти Эрон буд, вақтҳои ахир бинобар борҳо ба чолиш кашидани Раҳбари Олӣ Оятулло Алӣ Хоманеӣ ва шарикони неруманди ӯ, ба таври афзоянда дар инзиво қарор гирифтааст.

Ӯ соли 2017 Вазорати адлия ё қувваи қазоии Эронро ба "диктаторӣ" муттаҳам кард ва гуфт, ки нуфӯзи ин ниҳод бештар аз Хоманеӣ аст.

Видеоҳои охирин

Дар Хуҷанд як маркази амрикоӣ боз карданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:08 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG