Пайвандҳои дастрасӣ

Истаравшан: Тифли навзод дар рӯи фарши ҳаммом даргузашт


Дар шаҳри Истаравшани вилояти Суғд зани 22-солае боздошт шудааст, ки дар қатли духтари навзоди худ гумонбар дониста мешавад. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфт, ки кӯдаки нохостаи ин ҷавонзан шоми 5 январи имсол ба дунё омад ва ин зан баъди таваллуд кӯдакро дар рӯи фарши ҳаммоми хонааш беназорат гузошта рафтааст. Тифл даргузашт.

ВКД мегӯяд, бо сабаби бешавҳар ба дунё омадани тифл ва бо мақсади пинҳон кардани ҳодисаи таваллуди кӯдак, зан даст ба чунин амал зад.
Баъди як моҳи ҳодиса ин хабар расонаӣ шуд ва зан ҳам бо гумони куштори фарзанди навзодан боздошт гардид. Нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 105-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, яъне куштори кӯдак бо дасти модар оғоз шудааст. Ба ин зан то се соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар Тоҷикистон барои духтарони хона доштани робитаҳои маҳрамонаи пеш аз издивоҷ амали ғайриахлоқӣ маҳсуб мешавад, аз ин рӯ таваллуди кӯдаки беникоҳ барои обрӯи модару кӯдак амали бад ҳисоб мешавад.

Видеоҳои охирин

Сокинон дар бораи фаъол шудани чархаи нахустини Роғун чӣ мегӯянд?
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:12 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG