Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико боздошти 29 зани зидди ҳиҷоб дар Эронро маҳкум кард


Амрико боздошти 29 зан дар Эронро маҳкум кард. Пулиси Эрон рӯзи 1-уми феврал гуфт, ин занонро барои эътироз алайҳи ҳиҷоби маҷбурӣ дастгир кардааст ва иддао намуд, ки онҳо фиреби эрониҳои хориҷро хӯрдаанд.

Ҳезер Нойерт, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, рӯзи 2-юми феврал дар як баёния гуфт, ИМА аз эрониёне ки алайҳи ҳиҷоби маҷбурӣ эътироз кардаанд, ҳимоят менамояд.

Дар ҳафтаҳои ахир гузориш ва тасвирҳое дар мавриди эътирози ошкорои чанд зан алайҳи ҳиҷоби иҷборӣ дар шаҳри Теҳрону Исфаҳон, Шероз ва Машҳад нашр шуд.

Ин маърака баъди он оғоз шуд, ки моҳи декабри соли гузашта духтаре дар хиёбони Инқилоби Теҳрон ба таври ошкор ҳиҷобашро аз сар гирифт.

Аз соли 1979 истифода аз ҳиҷоб барои занон дар Эрон ҳатмӣ шуд. Заноне, ки ин қонунро риоя намекунанд, аз 10 рӯз то ду моҳ зиндонӣ хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG