Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадмурод – сармураббии нави мунтахаби ҷудои Тоҷикистон


Муҳаммадмурод Абдураҳмонов охирҳои соли гузашта ба Амрико рафта буд
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов охирҳои соли гузашта ба Амрико рафта буд

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони номдори тоҷик, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудо (Judo)-и Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Фахриддин Раҳимовро иваз кард.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ки моҳи октябри соли гузашта ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рафта буд, як моҳ пеш ба ватан баргаштааст. Ӯ рӯзи 3-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, вайро ба вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақомоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи ҷудои кишвар таъйин кардаанд.

Лаҳзаҳое аз тамрини Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Комроншоҳи Устопириён. Бразилия, моҳи июли 2016
Лаҳзаҳое аз тамрини Муҳаммадмурод Абдураҳмонов ва Комроншоҳи Устопириён. Бразилия, моҳи июли 2016

“Дар мавсими имсола паҳлавонони мо дар риштаи ҷудо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, монанди “Тоскӯлоҳи бузург” ва Гран-при, Ҷоми бози Аврупо, қаҳрамонии Осиё, ки дар кишварҳои гуногун доир мешавад, иштирок мекунанд. Ба ҷуз ин, аъзои тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон моҳи август дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия ва моҳи сентябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон ширкат хоҳанд кард”, - гуфт сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 29-уми ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2014 Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 2003 ба ҷудо машғул аст. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Дар мусобиқоти гуштии ҷудо дар вазни аз 100 кило боло рақобат мекард.

Ӯ дар Ҷоми ҷаҳон соли 2011 дар Алмаато (Қазоқистон) ҷойи панҷум, дар Бозиҳои XVI осиёӣ дар Гуанҷоу (Чин, 2010) ва Бозиҳои XVII осиёӣ дар Инчон (Кореяи Ҷанубӣ, 2014) ҷойҳои панҷум, дар Гран-прии Тошканд (Узбакистон, 2014), ҷойи сеюм, дар Ҷоми Осиё дар Тайван (2015) ҷойи аввалро ишғол кардааст.

Муҳаммадмурод Абдураҳмонов
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов

Абдураҳмонов ду бор барандаи Ҷоми президенти Тоҷикистон (2014 ва 2015) гардида, як дафъа (2013) ҷойи дуюмро гирифтааст. Инчунин ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ барои ҷоизаҳои Саидмуъмин Раҳимов (2014) мебошад.

Ӯ дар Олимпиадаи Рио-2016 иштирок карда, дар даври муқаддамотӣ аз Алекс Гарсиа Мендоза (Куба) шикаст хӯрдааст.

Видео аз бойгонии Радиои Озодӣ. Муҳаммадмурод: Он кист, ки орзуи генерал шуданро надорад?

Муҳаммадмурод: Он кист, ки орзуи генерал шуданро надорад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:46 0:00

XS
SM
MD
LG