Комроншоҳи Устопириён – паҳлавони маъруфи тоҷик – баъд аз пирӯзӣ дар Гран-прии ҷудо дар Анталияи Туркия дар феҳристи нави ҷаҳонии ҷудо панҷ зина боло рафт. Бино ба ин феҳрист, ки рӯзи 12 апрел дар вебсайти расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) нашр шуд, Устопириён дар миёни гуштигирони вазнашон зери 90 кило бо 1776 имтиёз дар ҷойи ҳафтум қарор дорад.
Ин хабарро бо забони русӣ ҳам бихонед
Ҳамроҳи мураббиёнам Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 26-29 майи имсол дар Ҳонконг баргузор мешавад, дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинам.Комроншоҳи Устопириён
Комроншоҳи Устопириён, ки шаби 11 апрел тавассути ҳавопаймо аз Туркия ба Душанбе омад, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои аввалин бор дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо мақоми ҳафтумро касб кардааст. Аз ин пеш натиҷаи беҳтаринаш дар ин феҳрист мақоми ҳаштум будааст.
"Ҳамроҳи мураббиёнам Фаридун Устопиров ва Воҳид Фарлак, шаҳрванди эронитабори Олмон, ба мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои Осиё, ки рӯзҳои 26-29 майи имсол дар Ҳонконг баргузор мешавад, дар шаҳри Хуҷанд омодагӣ мебинам. Мекӯшам, ки ба мисли соли гузашта дар ин мусобиқаи қитъавӣ ғолиб шавам", - афзуд Комроншоҳи Устопириён.
Дар феҳристи нави Федератсияи байналмилалии ҷудо дар вазни зери 90 кило Машу Бакери ҷопонӣ бо 2630 имтиёз дар мақоми аввал аст. Аксел Клегерти фаронсавӣ бо 2178 имтиёз дар мақоми дувум аст. Мақоми севумро Александр Куколҷи сербиягӣ бо 2146 имтиёз касб кардааст.
Пеш аз Комроншоҳи Устопириён боз се нафари дигар – Маркус Наймани шветсиягӣ бо 2041 имтиёз дар мақоми чорум, Хунзао Ҷенг аз Чин бо 2008 имтиёз дар мақоми панҷум ва Донған Квак аз Кореяи Ҷанубӣ бо 1980 имтиёз дар мақоми шашум – қарор доранд.
Ба қатори даҳ нафари беҳтаринҳо, инчунин Михаэл Зганк (Словения, 1760 имтиёз, мақоми ҳаштум), Варлам Липартелиани (Гурҷистон, 1651 имтиёз, мақоми нӯҳум) ва Ҳусейн Холмурзаев (Русия, 1610 имтиёз, мақоми даҳум) шомиланд.
Мавқеи гуштигирони тоҷик дар феҳристи ҷаҳонии ҷудо миёни бузургсолон чунин аст:
Вазни – 60 кило
Хушқадам Хусравов бо 24 имтиёз дар мақоми 181-ум
Вазни – 66 кило
Асадулло Тоҳиров бо 114 имтиёз дар мақоми 118-ум
Умед Абдураҳимов бо 49 имтиёз дар мақоми 166-ум
Баҳодур Ҳалимов бо 2 имтиёз дар мақоми 318-ум
Раҳматуллои Маҳмуд бо 1 имтиёз дар мақоми 339-ум
Вазни – 73 кило
Хаёмиддин Ҷабборов бо 114 имтиёз дар мақоми 120-ум
Кароматулло Ҳакимов бо 45 имтиёз дар мақоми 187-ум
Шамоили Ҷаҳонгир бо 2 имтиёз дар мақоми 360-ум
Саидмухтор Расулов бо 1 имтиёз дар мақоми 381-ум
Муҳаммад Мирзоев бо 1 имтиёз дар мақоми 381-ум
Вазни – 81 кило
Акмал Муродов бо 166 имтиёз дар мақоми 107-ум
Фарҳод Раҳимов бо 98 имтиёз дар мақоми 137-ум
Сафарбек Муродов бо 53 имтиёз дар мақоми 170-ум
Комрон Карликов бо 1 имтиёз дар мақоми 331-ум
Вазни - 90 кило
Комроншоҳи Устопириён бо 1776 имтиёз дар мақоми 7-ум
Муртазо Аминов бо 8 имтиёз дар мақоми 225-ум
Вазни – 100 кило
Саидҷалол Саидов бо 346 имтиёз дар мақоми 54-ум
Абдулваҳҳоб Сатторов бо 122 имтиёз дар мақоми 86-ум
Темур Раҳимов бо 2 имтиёз дар мақоми 226-ум
Аминҷон Ҷалолов бо 1 имтиёз дар мақоми 247-ум
Вазни +100 кило
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов бо 280 имтиёз дар мақоми 57-ум.