Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи миллии олимпӣ интихоб шуд


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар Ассамблеяи XVI кулли ҳисоботию интихоботии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон (КМОТ), ки имрӯз, 26-уми январ, дар Душанбе, дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи “Лотус”, баргузор шуд, президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.

Номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба ин вазифа аъзои Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ карданд ва ӯ ягона номзад буд. Бар асоси Оинномаи КМОТ президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар барои чаҳор сол (2017-2020) интихоб шудааст. Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон барои севумин бор аст, ки раиси КМОТ интихоб мешавад. Аз ин пеш ӯ ба ин вазифа солҳои 2009-ум ва 2013-ум интихоб шуда буд.

Баҳрулло Раҷабалиев.
Баҳрулло Раҷабалиев.

Дар ин ассамблея Баҳрулло Раҷабалиев, дабири кулли КМОТ, дар бораи фаъолияти ин кумита дар давраи солҳои 2013-2016 ҳисобот дод. Вай гуфт, “бузургтарин чорабинии давраи ҳисоботӣ Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба ҳисоб мерафт, ки аз 5-ум то 21-уми август баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо бо шумули ҳафт варзишгар дар чор риштаи варзиш – бокс, варзиши сабук, дзюдо ва шиноварӣ - иштирок карданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд, дар байни 206 кишвар дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост.”

Оқои Раҷабалиев ёдовар шуд, Дилшод Назаров, варзишгари машҳури тоҷик, дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва медали тилло ба даст овард. Ин аввалин медали тиллои дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мебошад.

Дилшод Назаров.
Дилшод Назаров.

​- Вале дар Олимпиадаи Рио-2016 шаш варзишгари дигари тоҷик - Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг), Олим Қурбонов, Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) - ба натиҷаҳои баланд ноил шуда натавонистанд, - иброз дошт Баҳрулло Раҷабалиев.

Вакилони ассамблея ба фаъолияти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар давраи ҳисоботӣ баҳои қаноатбахш дода, ҳамчунин, аъзои нави кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпии кишварро дар ҳайати 13 нафар интихоб намуданд. Ба ҷуз Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду ноиби ӯ, котиби генералӣ ва мудири кулли КМОТ, намояндагони федератсияҳои миллии варзишӣ – футбол, бокс, варзиши сабук, таэквондо ВТФ, дзюдо, қаиқронӣ, инчунин ассотсиатсияҳои намудҳои зимистонаи варзиш ва олимпичиёни Тоҷикистон – ба аъзогии Кумитаи иҷроияи КМОТ интихоб шуданд.

Бар асоси Оинномаи КМОТ бо пешниҳоди Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи аввалини Кумитаи иҷроия раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш Шамсулло Соҳибов ноибони Президенти КМО ва Муҳаммадшо Абдуллоев котиби генералии КМОТ таъин шуданд.

Дар ассамблеяи мазкур, инчунин аъзои Комиссияи назорату тафтишоти КМОТ дар ҳайати се нафар - Исроил Исмоилзода, раиси Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон, Дилором Каримова, муовини раиси Ассотсиатсияи варзишгарони донишҷӯи Тоҷикистон ва Дилбар Шарипова, мудири Олимпиадаи махсуси Тоҷикистон, - интихоб гардиданд.

XS
SM
MD
LG